Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИхтилофи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари муҳоҷирон

Ихтилофи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари муҳоҷирон

Вазирони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе бори дигар барои баҳс дар бораи масъулияти пазириши паноҳҷуёне, ки вориди ин иттиҳодия мешаванд гирдиҳам омаданд. 

Теъдоди дархостҳои паноҳандагӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо соли гузашта ба болотарин мизон аз замони буҳрони паноҳҷуёни сурӣ дар солҳои 2015 ва 2016 расид. Афзоиши шумори дархостҳои паноҳандагӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба танишҳо байни ин кишварҳо доман задааст. 

Кишварҳое монанди Италия ва Юнон, ки мақсади аввалияи паноҳҷуён дар соҳили Баҳри Медитарона (Миёназамин) ҳастанд тайи солҳои гузашта ҳамвора аз дигар аъзои Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки ба пазириши бахше аз паноҳҷуён дар хоки худ тан диҳанд. 

Ин дар ҳолест, ки интиқодҳо аз Италия, ки аз чанд моҳи пеш давлати бо гароиши рости ифротӣ зимоми умурро дар он ба даст гирифта афзоиш ёфтааст. Теъдоде аз вузарои кишвари аврупоӣ дар остонаи ҷаласаи рӯзи панҷшанбе аз Рим хостанд, ки ба муқаррароти Дублин эҳтиром бигузорад. Бино ба муқаррароти Дублин дархости паноҳандагии паноҳҷуён бояд дар аввалин кишваре, ки вориди он шудаанд сабт шавад. 

Ҳукумати Ҷорҷ Мелони, нахуствазири ҷадиди Италия моҳи декабри гузашта иҷрои муқаррароти Дублин дар ин заминаро ба ҳолати таълиқ даровард. Албатта Рим далели иттихози ин тасмимро “сарфан мушкилоти фаннӣ” дар марокизи пазириши паноҳҷуён унвон мекунад. 

Кишварҳое монанди Италия ва Юнон таъкид мекунанд, ки сабти дархости паноҳҷуён дар ин кишварҳо аз назари идорӣ бори сангине бар дӯши онҳо мегузорд. Рим ва Афина ба таври хосс ба тамоюли бисёре аз паноҳҷуён ба идомаи масирашон пас аз вуруд ба хоки Иттиҳодияи Аврупо ва муҳоҷират ба кишварҳое монанди Олмон ва Фаронса ишора мекунанд. 

Яке аз масоили мавриди ихтилоф байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо худдории Италия аз пазириши дубораи паноҳҷуёне аст, ки пас аз вуруд ба ин кишвар ба кишварҳои шимолитари Иттиҳодия муҳоҷират карданд. Олмон, Фаронса ва Суис аз Италия мехоҳанд, ки дар ин замина ба муқаррароти Дублин пойбанд бошад. 

Суис ҳарчанд узви Иттиҳодияи Аврупо нест аммо яке аз аъзои паймони Дублин маҳсуб мешавад. Олмон, Фаронса ва Суис рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияи муштараке бо кишварҳои Утриш, Белгия, Дания ва Нидерланд аз вуруди паноҳҷуён ба хоки худ аз мабдаи кишварҳое, ки ибтидо вориди онҳо шуда буданд, ибрози нигаронӣ карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular