Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар шуғлофариро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар шуғлофариро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳо дар бахши шуғлофариро баррасӣ карданд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дирӯз дар Душанбе бо муовини вазири ҳамкорӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусайн Ҳусайниё мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо мавҷудияти имконоти фаровони таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва зарурати амалӣ намудани чорабиниҳои пешбинишуда аз ҷониби мақомоти дахлдори ду кишварро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо ва ворид шудан ба марҳалаҳои нави ҳамкорӣ тасдиқ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки фарогирии аҳолӣ ба омӯзиши касбҳои техникӣ ба боло бурдани рақобатпазирии нерӯи корӣ ҳам дар кишвари иқомат ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ки сафари гурӯҳи кории Вазорати ҳамкорӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоии Эрон ба раҳбарии Ғуломҳусайни Ҳусайниё  дар Тоҷикистон то 16 март идома хоҳад кард.

Бар асоси барномаи сафар ҳайати эронӣ аз чанд марокизи омӯзишӣ, литсейҳои омӯзишӣ ва мавзеъҳои таърихӣ дидан хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular