Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНишасти панҷуми сарони давлатҳои ОМ дар Душанбе мегузарад

Нишасти панҷуми сарони давлатҳои ОМ дар Душанбе мегузарад

Дар миёнаи моҳи сентябри соли 2023 зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар кори саммитҳо иштироки президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

Таъкид мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст ва асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular