Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯлоб: Оғози мусодираи амволи мухолифон 

Кӯлоб: Оғози мусодираи амволи мухолифон 

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ҷустуҷӯ ва мусодираи амволи мухолифонро шурӯъ карданд. 18-уми феврали соли 2017 манобеи бо эътимоди «Паём» аз шаҳри Кӯлоб хабар доданд,ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ба ҷустуҷӯ ва мусодираи хонаҳои фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз кардаанд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир корҳои иктишофӣ ва мусодираи амволи мухолифинро аз хонаҳои фаъолони зиндонии ҲНИТ -ро шурӯъ кардаанд. Пеш аз ин мақомоти қудратии Тоҷикистон амвол ва хонаҳои раҳбарону фаъолони ҲНИТ ва дигар мухолифони сиёсии кишварро бо роҳҳои гуногун ва дигар омилҳои сохтаву бофта ва беасос анҷом додаанд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ амвол ва бахусус дуконҳои мансуб ба бародарони Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони ҳаракати сиёсии «Гуруҳи 24» аз ҷониби мақомоти қудартии кишвар низ боздошт ва мусодира карда шуданд.

Ҳамчунин чанде пештар амволи зиндонии сиёсии маъруфи тоҷик Зайд Саидов ҳам мусодира шуданд. Ин мусодира ба ҳадде золимона буд, ки ҳатто хонаи падариашро, ки ба бародараш тааллуқ дорад шомил мешуд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои Муҳаммадшариф Набиев неруҳои амниятӣ ҳатто ба кудакони ӯ ҳам раҳм надоранд. Онҳо духтари Набиевро дар куча боздошта мавриди таҳқир ва тавҳин қарор додаанд.

Коршиносон ин шеваи кори мақомоти Тоҷикистонро яке аз усулҳои ҷорӣ кардани фарҳанги тарсу ҳарос дар ҷомеа ва ба ин васила хомӯш нигаҳ доштани забону қалами мухолифон арзёбӣ мекунанд.

Фаъоли наҳзатӣ, махсус барои Паём

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular