Амрико бар ин бовар аст, ки беш аз 20 ҳазор ҷангҷуи Русия дар набард барои тасарруфи шаҳри Бахмути Укроин кушта шудаанд.
Ҷон Кёрбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, ба нақл аз иттилооти ҷосусе, ки аз ҳолати маҳрамона хориҷ шуда гуфт, ки 80 ҳазор нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Амрико мегӯяд, ки ниме аз куштаҳо аъзои гурӯҳи Вагнер будаанд, ки як нерӯи муздурӣ аст.
Агар ин оморҳо дуруст бошад шумори куштаю захмиҳои Русия аз теъдоди сокинони аввалияи ин шаҳр, ки то қабл аз ҷанг 70 ҳазор нафар ҷамъият дошт бештар аст.
Маскав аз соли қабл саъй дошт Бахмутро дар набарди фарсоишӣ тасхир кунад.
Набард бар сари ин шаҳри кӯчак, ки фақат чанд ҳазор нафар ғайринизомӣ дар он боқӣ мондаааст, аҳамияти символики хеле зиёде бар ду тараф пайдо кардааст.
Мақомҳои укроинӣ гуфтаанд, ки аз ин набард барои куштани ҳадди аксари теъдоди мумкини сарбози рус ва фарсуда кардани нерӯҳои захираи он истифода мекунанд. Бо ин ҳол Укроин акнун фақат бахши кӯчаке аз шаҳрро дар ихтиёр дорад.
Кёрби ба хабарнигорон гуфт: “кӯшиши Русия барои амалиёти таҳоҷумӣ дар Донббас, ки умдатан аз тариқи Бахмут анҷом мешавад, шикаст хӯрдааст. Русия натавонистааст ноҳияи қобили таваҷҷуҳ ва стратегиро ишғол кунад.”
Ӯ афзуд: “мо тахмин мезанем, ки Русия беш аз 100 ҳазор кушта ва захмӣ дода, аз ҷумла беш аз 20 ҳазор нафар, ки дар майдони набард кушта шудаанд.”
Оморҳое, ки Амрико ироа кардааст, ба панҷ моҳи гузашта яъне аз аввали декабр марбут мешавад.
Кёрби гуфт: “хулоса ин ки талоши Русия барои амалиёти таҳоҷумӣ, баъд аз чанд моҳи набард ва исрофкории фавқулъода натиҷаи акс додааст.”
Ӯ афзуд, ки тахмине аз кушта ва захмиҳои Укроин ироа намекунад “чун онҳо қурбонии ин ҷанг ҳастанд. Мутаҷовиз Русия аст.”
Маскав дар ин бора изҳори назар накардааст.
Тасарруфи ин шаҳр Русияро ба ҳадафи худ барои контроли кулли минтақаи Донетск наздиктар хоҳад кард. Донетск яке аз чаҳор минтақаи шарқ ва ҷануби Укроин аст, ки Русия сентябри гузашта пас аз як ҳамапурсӣ, ки дар сатҳи густурда ба унвони референдумии сохтагӣ маҳкум шуд, ба хоки худ мулҳақ кард.
Таҳлилгарон мегӯянд Бахмут арзиши стратегии каме дорад, аммо дар маркази таваҷҷуҳи фармондеҳони рус қарор гирифта, ки барои таҳвили ахбори мусбат ба Кремл дар талош будаанд.
Гурӯҳи муздури Вагнер, ки ба хотири равишҳои ағлаб ғайриинсонӣ дар ҷанг бадном аст дар ҳамлаи Русия ба Бахмут дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Евгений Пригожин раҳбари ин гурӯҳ обрӯи шахсии худ ва эътибори артиши хусусиашро барои тасарруфи шаҳр дар мобайн гузоштааст.
Аммо ӯ ахиран таҳдид кард, ки нерӯҳояшро аз Бахмут хориҷ хоҳад кард.
Ӯ дар мусоҳибаи муфассале бо як веблогнависи барҷастаи ҷанг аз Русия қавл дод дар сурате, ки вазорати дифоъи Русия муҳиммоти мавриди ниёзро дар ихтиёри ҷангҷуёни Вагнер қарор надиҳад, онҳоро хориҷ хоҳад кард.
Ӯ ҳушдор дод, ки ҷангҷуёни Вагнер мумкин аст дубора ба Мали эъзом шаванд.
Ӯ дар тӯли ҷанг борҳо бо вазорати дифоъи Русия вориди баҳс шуда ва мақомотро ба адами ҳимояти кофӣ аз ҷангҷуёнаш муттаҳам кардааст.
Пригожин ҳамчунин аз расонаҳо ва фармондеҳии низомии Русия хост то пеш аз зидҳамлаи Укроин дар фасли баҳор ба “дурӯғгӯӣ ба мардуми Русия поён диҳанд.”
Ӯ гуфт: “мо бояд аз дурӯғ гуфтан ба мардуми Русия ва ин ҳарф, ки ҳамаи чиз мувофиқи мурод аст, даст бардорем.”
Ӯ аз “амалиёти низомии хуб ва саҳеҳ”-и артиши Укроин ва фармондеҳи он тамҷид кард.
Як генерали аршади укроинӣ рӯзи душанбе гуфт, ки зидҳамалоти ин кишвар, нерӯҳои русиро аз бархе мавозеъ дар Бахмут ақиб рондааст аммо афзуд вазъият ҳамчунон “мушкил” аст.
Генерал Александр Серский, фармондеҳи нерӯи заминии Укроин, дар Телеграмм гуфт ягонҳои ҷадиди Русия, аз ҷумла ҷангҷуёни Вагнер, бо вуҷуди таҳаммули қурбониҳои сангин, “пайваста ба набард сарозер мешаванд.”
Вай гуфт: “аммо душман қодир нест контроли шаҳрро ба даст бигирад.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

