Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоДиктаторҳо ҳатто ба бародару фарзанди худ раҳм намекунанд

Диктаторҳо ҳатто ба бародару фарзанди худ раҳм намекунанд

 

Дар чанд рӯзи пеш қатли Ким Ҷунг Ном бародари роҳбари Кореяи Шимолӣ дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Дар сомонаи BBC форсӣ  чанд матлабро дар бораи ӯ нашр намуданд. Хулосаи матолиби ин сомонаро ҳамроҳ бо баъзе таҳлилу баррасиҳо пешкаши хонандагон хоҳем кард.

Ин сомона дар як матлаб дар бораи он навиштааст, ки чаро Ким Ҷунг Номи маҳбуби падар якбора ба як шахсияти номатлуб табдил шуд.

Ким Ҷунг Ном дар кудакӣ ба компютер алоқаи зиёд доштааст ва дар Суису Русия дарс хондааст. Падараш ба ӯ дар Вазорати Амният як мансаби муҳим медиҳад. Ӯро раиси қисми техникии вазорат таъйин мекунад. Аммо Ном дар як сафари пинҳонӣ ба Жопун дастгир мешавад. Дар ҳоле, ки паспорти кишвари Домениканро дошт ва ду зану як кудак ҳам бо ӯ ҳамроҳ буданд. Япония ӯро ба на ба Корея балки ба Чин депорт кард. Дар ҳоле, ки падараш ба шиддат талош мекард, ки ӯро барои ҷонишинии худаш омода кунад, аз ин амали писараш сахт нороҳат шуд ва ҳатто сафараш ба Чинро ба хотири ҳамин масала лағв кард.

Пас аз ин ҳодиса Ким Чунг Ном тақрибан дар табъид ба сар мебурд.  Кишварҳои Макао, Сингапур ва Чин ҷойҳое буданд, ки Ном зиндагӣ мекард.

Ӯ як сол пас аз марги падараш ба як рӯзнома навишта буд, ки бародараш фоқиди ҳисси вазифашиносӣ аст ва ӯ нигарон аст, ки фасоди идорӣ Кореяи шимолиро аз ҳам фуру бипошад.

Чанде баъд дар як имейли дигар навишт, ки мардум аз роҳбарии меросии се насли як оила хаста шудаанд.

Ин мавқеъгириҳои ӯ боиси нороҳатии роҳбари Кореяи Шимолӣ яъне бародари ӯ шуд. Пас аз он фиристодани пул барои Ном қатъ карда шуд. То ҷое, ки гуфта мешавад дар Сингапур ба хотири 15 ҳазор доллар қарздор шуданаш ӯро аз Меҳмонхонаи гаронқимате берун андохтаанд. Ҳатто баъдан маълум шуд, ки ҷосусони бародараш солҳо пеш қасди террори ӯро доштаанд. Аммо муваффақ нашудаанд.

Вале дар рӯзи 14 уми моҳи ҷорӣ хабари кушта шудани Ким Чунг Ном дар кишвари Молезӣ дар расонаҳо нашр гардид. Ӯ бо заҳре, ки танҳо баъзе кишварҳо қодир ба сохти он ҳастанд аз тарафи ду зан дар фурудгоҳи Молезӣ кушта шуд.

Ба назар мерасад маниш ва хуоқи ҳамаи диктаторҳои таърих яксон аст. Агар касе барои қудрати онҳо хатар Эҷод кунад ҳатман муҷозоташ хоҳанд кард. Фарқе намекунад, ки он шахс фарзандашон бошад ё бародарашон. Чӣ расад ба хешони дур ё ҳамроҳоне, ки барои ба қудрат расиданашон талоши фаровон кардаанд.

Муҷозоти Гулнора Каримова ҳам аз суи падараш намунаи дигаре аз ин гуфтаҳост.

Ҳоло ҷои тааммул дорад, ки дар кишвари мо чӣ пеш хоҳад омад? Хонаводаи бузурги  Раҳмон чигуна бо ин масъала муносибат хоҳанд кард?

Дар ҳоле, ки ихтилоф байни Рустами Эмомалӣ ва Ҳасан Асадуллозода аз чанд соли пеш бар сари забонҳо ҳаст. Раҳмон бошад рӯз ба рӯз қудратро бештар дар панҷаи худ мегирад ва дигар ба як диктатори комил табдил шудааст.

Мушкил дар он аст, ки дар ин хонаводаи бузурги Раҳмон хелеҳо ҳастанд, ки дар сар ҳавои қудратро доранд. Агарчӣ  дар ҳоли ҳозир чизе намегуянд, вале пас аз марги Раҳмон ҳатман даст ба корҳое хоҳанд зад. Ҳоло бояд мунтазир буд, ки пеш аз маргаш  кадом домод ё хеши дигар мавриди ғазаби диктатори тоҷик қарор мегиранд?!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?