Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаҳодур Усмонов ба даври севуми мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт

Баҳодур Усмонов ба даври севуми мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт

Дар чаҳорумин рӯзи Қаҳрамонии чаҳон оид ба бокс, ки дар Тошканд идома дорад, Тоҷикистонро 3 муштзан — Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг намояндагӣ карданд. Меҳрон Шафиев ва Муҳаммад Аброриддинов аз намояндагони Ҳиндустон шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳоум гаштанд.

Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бар рақибаш аз Урдун – Муҳаммад Алкасба бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ баромад.

Гуфтанист, имрӯз ду муштзани дигари тоҷик рақобатҳояшонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон идома медиҳанд. Асрор Воҳидов дар вазни 57 кг дар даври дуюм бо Руҷоберто Армандо аз Мозамбика ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг дар даври якум бо Садам Магомедов аз Сербия рақобат менамоянд.

Давоми чор рӯзи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканд муштзанони тоҷик Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.

Фонди умумии ҷоизаҳо дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular