Friday, March 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Зархаридон»-и тоҷик дар ҷанги Русияву Укроинро рӯйхат мекунанд

«Зархаридон»-и тоҷик дар ҷанги Русияву Укроинро рӯйхат мекунанд

Дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд,  масъалаи ширкати тоҷикон дар ҷанги Русияву Украина баррасӣ шуда, мақомот ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне шурӯъ кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд. 

Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба чанд манбаъаш масъала ба ҷаласаи ниҳодҳо қудратӣ, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, роҳ ёфтааст. 

Ин вакил бо ин пурсиш, ки “баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?” Ин даъвати ӯ хабарсоз шуд ва баҳсҳои тунде дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. 

“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди он ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад”,—гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад. 

Ба гуфати манобеъ алайҳи шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд, балки ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст. 

Наздикони ду маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, гуфтаанд, бо онҳо намояндагони КДАМ дар вилояти Хатлон суҳбат кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, намояндагони мақомот аз онҳо мушаххасоти наздикони зиндонияшонро пурсидаанд. “Гуфтанд, ки кай рафт, ҳоло дар куҷо аст, занг мезанад ё намезанад. Нагуфтанд, ки парванда мекунем, вале тамоми маълумотро дар борааш пурсида, навиштанд,” –гуфтааст яке аз онҳо. 

Мақомот тасмими кушодани парванда алайҳи тоҷиконеро, ки аз ҷониби Русия ё Украина ҷанг мекунанд, расман шарҳ намедиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд, вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре танҳо ҳушдор дода буданд, ки “иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” ҷиноят аст. 

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия дар ҷанг иштирок мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст. 

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам чандин маротиба аз шаҳрвандони худ, махсусан муҳоҷирон талаб карданд, ки дар ҷанги давлатҳои дигар ширкат накунанд, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 401. Зархаридӣ) он ҷиноят ҳисобида шуда, барои он аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular