Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБашор Асад дар нишасти Иттиҳодияи Араб дар Арабистони Саудӣ ширкат хоҳад кард

Башор Асад дар нишасти Иттиҳодияи Араб дар Арабистони Саудӣ ширкат хоҳад кард

Вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, ки Башор Асад, раисҷумҳурии ин кишвар рӯзи ҷумъа дар нишасти Иттиҳодияи араб дар Арабистони саудӣ ширкат хоҳад кард. Ҳузури Башор Асад дар ин нишаст барои аввалин бор дар беш аз як даҳаи ҷанг ва инзивои минтақаии Сурия рух хоҳад дод. 

Файсал Миқдод, дипломати аршади Башор Асад рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба саволе дар бораи ҳузури Асад дар нишасти Иттиҳодияи араб гуфт: “ӯ барои ширкат дар ин нишаст ҳузур пайдо хоҳад кард.” 

Иҷлоси имсол нишондиҳандаи вуруди муҷаддади Сурияи ҷангзада ба Иттиҳодияи араб, пас аз 12 соли таълиқ аст. Узвияти Сурия дар ин гурӯҳ, пас аз саркӯбии тазоҳуроти густурда дар соли 2011 алайҳи ҳукумати Башар Асад ба ҳолати таълиқ даромад. Баъд аз он ин кишвар ба суръат вориди як ҷанги дохилӣ шуд, ки тайи он наздик ба ним миллион нафар кушта ва ниме аз ҷамъияти 20-миллиониаш овора шуданд. 

Шоҳзода Файсал ибни Фараҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки минтақа бар сари як дуроҳӣ қарор дорад ва бо анбӯҳе аз мушкилот мувоҷеҳ аст. Ў хостори ҳамкории кишварҳои арабӣ барои дастёбӣ ба амният, субот ва шукуфоии иқтисодӣ шуд. 

Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия ин ҳафта бо чанд тан аз ҳамтоёни худ дидорҳои дуҷонибае дар ин кишвар баргузор кард, чун Димишқ ҳамчунон хостори сармоягузорӣ дар ин кишвари ҷанг задааст ва барои эҳёи равобит бо Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср ва Ироқ иқдом кардааст. 

Миқдод пас аз ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки умедвор аст давлатҳои арабӣ ба бозсозӣ ва бозгашти паноҳҷуёни сурӣ кумак кунанд. 

Шаку тардидҳое вуҷуд дорад 

Бозгашти Сурия ба ин иттиҳодияи арабӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Димишқ ҳамчунон дар талош аст то равобит бо Туркия, яке аз ҳомиёни аслии гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи сурӣ дар шимоли ғарби ин кишварро ислоҳ кунад. Аммо теъдоде аз кишварҳои арабӣ, дар дараҷаи аввал ҳам Қатар, дар мавриди бозгашти Сурия ба ин лиги арабӣ тардид доранд. 

Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, дипломати аршади Қатар гуфт, ки кишвараш бо бозгашти Сурия ба ин Иттиҳодия мухолиф аст, аммо намехоҳад “дар баробари иҷмоъи аъроб” биистад. Ў гуфт, ки бо ин ҳол ҳар кишвари арабӣ метавонад ба таври якҷониба равобити худро бо Сурия оддӣ кунад. 

Ин нишаст дар ҳоле баргузори мешавад, ки давлатҳои арабӣ дар талош барои ҳали муноқишаи Судон, миёни артиш ба раҳбарии генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон ва нерӯҳои зудамал ба фармондеҳии Муҳаммад Ҳамдони Дақолу ҳастанд. 

Даргирӣ дар ин кишвари шарқи Африқо, ки дар миёнаи апрел оғоз шуд, беш аз 600 кушта ва даҳҳо ҳазор овора барҷой гузоштааст. Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе, дипломатҳои аршади Арабистони саудӣ, Миср ва Алҷазоир хостори оташбас дар Судон ва поён додан ба ташдиди хушунатҳо дар Исроил ва сарзаминҳои фаластинӣ шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular