Раисҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Суид (Шветсия) барои касби узвият дар НАТО мунтазири чароғи сабзи Анқара набошад, магар он ки тазоҳурот алайҳи Туркия дар Суид мутаваққиф шавад.
Урдуғон пеш аз ин иллати мухолифати Туркияро паноҳ додани Суид ба аъзои ҳизби коргарони Курдистон эълом карда буд.
Урдуғон бо ишора ба тазоҳуроти аъзои гурӯҳи ПКК дар Суид гуфт, ки Туркия наметавонад дар муқобили узвияти Суид дар НАТО вокуниши мусбат дошта бошад.
Бо ин ҳол, дар нишасти чаҳорҷонибае, ки рӯзи чаҳоршанбе, 14 июн, дар Анқара бо иштироки намояндагони Суид, Финланд, Туркия ва НАТО баргузор шуд, яке аз музокиракунандагони аршади Суид дар мавриди ин нишаст гуфт: “музокирот бо мақомоти Туркия хуб буд ва гуфтугӯҳо ба ҳадафи коҳиши мухолифатҳои Анқара [бо узвияти Суид дар НАТО] идома хоҳад дошт.”
Суид мегӯяд, ки барои рафъи нигарониҳои амниятии Анқара, нисбат ба қонуни зидди терроризм мутааҳҳид буда, аммо Туркия ҳанӯз омодаи тасмимгирӣ нест.
Бар асоси тафоҳумномае, ки байни Туркия ва Суид дар соли гузашта имзо шуд, Суид тааҳҳуд дод, ки бо Туркия дар амри мубориза бо гурӯҳи шибҳинизомии ПКК ҳамкорӣ мекунад.
Улф Кристерссон, нахуствазири Суид чанде пеш дар як нишасти матбуотӣ дар Испания гуфта буд, ки “Суид тамоми шароити тавофуқ бо Туркияро ба ҷо овардааст. Он чиро, ки бояд анҷом медод, анҷом додааст. Минбаъд дар мавриди узвият дар НАТО, танҳо Туркия тасмим хоҳад гирифт, на мо.”
Қарор аст дар моҳи оянда нишасте бо ҳузури 31 кишвари узви НАТО ва Раҷаб Таййиб Урдуғон дар Литва баргузор шавад. Яке аз аҳдофи ин нишаст, баҳси барасии узвияти Суид дар НАТО хоҳад буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

