Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲаводорони муҳити зист: сафарҳои ҳавоӣ дар Аврупо то 30 баробар арзонтар аз...

Ҳаводорони муҳити зист: сафарҳои ҳавоӣ дар Аврупо то 30 баробар арзонтар аз сафарҳои қатор ҳастанд

Созмони ғайридавлатии “Сулҳи сабз” эълом кард, ки миёнгини масрафи сафар бо қатор дар бархе масирҳои аврупоӣ аз масрафи сафар бо ҳавопаймо бештар аст. 

Ин созмони ҳаводори муҳити зист зимни интиқод аз додани имтиёзҳои молиётӣ ба сафарҳои ҳавоӣ ҳушдор дод, ки ин гуна сиёсатҳо шаҳрвандонро ба сафар бо ҳавопаймо, ки мунҷар ба гармоиши замин мешавад ташвиқ мекунад. 

Аъзои Созмони “Сулҳи сабз” (Greenpeace) қимати билетҳои қатор ва ҳавопайморо дар 112 масири мухталиф тайи 9 рӯз баррасӣ кардаанд. Онҳо ба унвони мисол дарёфтанд, ки масрафи сафар бо қатор аз Лондон ба Барселон 30 баробар бештар аз сафар бо ҳавопаймо аст. 

Созмони “Сулҳи сабз” аз сиёсатгузорон хостааст, ки иҷоза надиҳанд ба сафарҳои ҳавоӣ имтиёзҳои молиётӣ дода шавад. Парвозҳои ҳавоӣ, ки аз олояндатарин фаъолиятҳои башар маҳсуб мешавад. 

Ширкатҳои ҳавоӣ дар Аврупо барои масрафи керосин молиёти пардохт намекунанд. 

Натиҷаи як пажӯҳиши дигар ахиран нишон дода буд, ки давлатҳои аврупоӣ ба далели набудани молиёт ё ихтисоси муофиятҳои молиётӣ барои сафарҳои ҳавоӣ дар соли гузашта беш аз 34 миллиард евро зарар карданд. Пешбинӣ мешавад ин рақам дар соли 2025 ба беш аз 47 миллиард евро бирасад. 

Санъати ҳамлу нақли ҳавоӣ масъули интишори ҳудуди 2.5 дарсад аз газҳои карбон дар сатҳи ҷаҳон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular