Шӯрои маҳаллии Вестминстер бо тасмими як миллиардери мусулмон барои сохти як масҷид ва маркази исломӣ дар сохтмони намодини “Трокадеро” дар маркази Лондон мувофиқат кардааст.
Ин Шӯро дар посух ба мухолифони сохти масҷид гуфта, ки ин маҳаллаи туристӣ, ибодатгоҳҳои дигаре монанди калисо ҳам дорад.
Сохтмони “Трокадеро” дар минтақаи тиҷорӣ ва тафреҳии Пиккадели дар маркази Лондон, тавассути Осиф Азиз, миллиардери мусулмон харида шудааст. Масҷиде, ки ӯ қарор аст дар ин сохтмони маъруф бисозад, гунҷоиши 390 нафарро хоҳад дошт.
Азиз, раиси бунёди “Азиз”, бозаргоне аст, ки дар Малави, дар ҷануби шарқи Африқо ба дунё омад ва дар дар ғарби Лондон бузург шудааст.
Сохтмони “Трокадеро” дар соли 1896 сохта шуд ва дар оғоз аз он ба унвони як ресторан (тарабхона) истифода мешуд. Ин сохтмон дар даҳаи 1980 ба як намоишгоҳ ва марказе барои саргармӣ табдил шуд. Акнун як ҳотели 740 хоба бо бар дар табақоти болоии ин сохтмон мавқеият дорад.
Бунёди Азиз сохтани ин маркази исломиро барои мусулмононе, ки дар ин минтақа кор ва зиндагӣ мекунанд, “зарурӣ” хондааст.
Ин миллиардери мусулмон аввал қасд дошт дар ин сохтмони намодин масҷиде бо гунҷоиши ҳазор нафар бисозад, вале бо тарҳи ӯ мухолифат шуд. Акнун ӯ тавониста тавофуқи Шӯрои шаҳрро ба даст овард то се табақа аз сохтмони “Трокадеро”-ро ба маркази исломӣ ва масҷид табдил кунад.
Бархе гурӯҳҳои рости ифротӣ бо сохти ин масҷид дар як минтақаи туристӣ мухолифат кардаанд. Аммо ин мухолифатҳо монеъи тасмими Шӯрои шаҳрии Вестминстер (маҳаллаи марказии Лондон) бо сохти масҷиде бо гунҷоиши 390 намозгузор нашуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

