Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСухангӯи Толибон: як доллар ҳам аз кумакҳои байналмилалӣ ба ҳукумати мо намерасад

Сухангӯи Толибон: як доллар ҳам аз кумакҳои байналмилалӣ ба ҳукумати мо намерасад

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иттиҳомҳо мабнӣ бар дахолат ва истифодаи Толибон аз кумакҳои байналмилалӣ барои мақосиди ҳукуматиро “овозаҳо ва таблиғот” хонд ва онро рад кард. 

Дар гузорише, ки бо супориши Созмони тавсеаи байналмилалии давлати Амрико таҳия шуда, омадааст, ки ҳукумати Толибон тавонистааст дар ниҳодҳои байналмилалии имдодрсонӣ ба Афғонистон “ба таври муассире нуфуз кунад” ва афзуда онҳо кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистонро “ба унвони манбаъи даромаде барои худ мебинад”. 

Нашрияи Foreign Policy, ки нусхае аз ин гузоришро дида ба нақл аз он навиштааст: “кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон ба шакли созмонёфта ба тарафи авомили таҳти контроли Толибон тағйири масир медиҳанд.” 

Дар ин гузориш омадааст ба назар мерасад Толибон кумакҳои Созмони милали муттаҳидро як манбаъи даромади дигар мебинад ва ба ҳамин далел “ба думболи он аст, ки ин манбаъро низ таҳти назорати худ дароварад”. 

Сухангӯи Толибон аммо дар сӯҳбат бо Би би си гуфтааст: “мо дар ин маврид сиёсати бисёр возеҳ дорем, ки ҳеҷ навъи мудохила дар умури расондани кумакҳо ба мардум, ки аз сӯи муассисаҳо татбиқ мешавад, надорем. Як доллар ё афғонӣ он ҳам ба нафъи Аморати исломӣ (ҳукумати Толибон) ва дастгоҳи ҳукуматӣ истифода намешавад ва ниёз ҳам нест.” 

Муҷоҳид гуфт, ки ҳукумати Толибон дар заминаи таъмини амният ва ҳамчунин “дар бахши шаффофият” бо ниҳодҳои имдодрсон “ҳамкорӣ” мекунад. Дар тавзеҳи бахши дувум Муҷоҳид афзуд, ки агар шикоят ё “гиллаҳое” аз сӯи мардум дар расондани кумакҳо матраҳ шавад, бо ниҳодҳо онро баррасӣ мекунем. 

Сухангӯи Толибон таъкид кард: “ҳеҷ мудохилае дар кумакҳо надорем ва як афғонӣ аз он ба дарди мо намехӯрд ва на аз он истифода мекунем.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular