Пулиси Русия маъракаи тафтиши таксиронҳои ғайрирусро шурӯъ кардааст, ки мисли ҳамеша бо хушунат ва таҳқиру латукӯб ҷараён дорад. Гуфта мешавад сабаби тафтиш кушта шудани як марди рус аз дасти таксирони узбек будааст.
Дар ҳамин ҳол таксиронҳои тоҷик мегӯянд бештари хушунат алайҳи онҳо роҳандозӣ шудааст. Дар наоврҳое, ки корбарон мефиристанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, дида мешавад чи гуна пулис таксиронҳоро қатор карда даст ба китфи ҳам ба самти мошинҳои боздоштӣ ё автозак мебарад.
Дар ҳамин ҳол як таксирон ба “Паём” гуфт дар асл рейд алайҳи таксиронҳо чанд рӯз пештар шурӯъ шуда буд, аммо баъди ҳодисаи кушта шудани як мусофири рус аз дасти ронандаи узбек, рейдҳо шиддат гирифта ва хушунати бештар касб кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ ин гуна ҳодисаҳо, ки мусофир аз сӯи ронанда ё баръакс ронанда аз сӯи таксист кушта шавад, дар Русия, бахусус шаҳрҳои 15-миллионии Маскав ва 6-миллионии Петербург зуд-зуд иттифоқ меафтад, аммо ин дафъа бо баҳонаи он рейди қаблан тарҳрезишударо шадидтар кардаанд.
“Даҳҳо таксисти ғарйирус ҳар сол аз дасти русҳо кушта мешавад, аммо пулис барои пешгирии он коре намекунад, аммо ҳамин ки як рус аз дасти ғайрирус кушта шуд, қиёмат барпо мекунанд”, — гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол кушта шудани марди рус аз тарафи ронандаи таксӣ аз Узбекистон амдан набудааст. Тибқи иттилоъи расонаҳои Русия бо такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодиса рӯзи 23 июл тахминан соати 18:00 дар саҳни бинои 23-ошёна дар гулгашти Воронтсовски воқеъ дар Муринои вилояти Ленинград рух додааст.
Миёни як ронандаи таксии 23-сола аз Узеакистон ва муштарии 42-солааш муноқиша сар мезанад. Таниши лафзй зуд ба задухурд мепечад ва баъди зарбаи аввали ҷавони узбек, марди рус ба болои мумфарш афтода, ҷон медиҳад.
Бо эҳтимоли зиёд он мард бар асари бархӯрди сараш ба асфалт ҷон додааст. Дар ҳамин ҳол иллати ҷанҷол мушаххас нашудааст ва ҷузъиёти дигари ҳодиса низ дастрас нест.
Моҳҳои охир хушунат алайҳи муҳоҷирон, бахусус тоҷикон дар Русия бештар шудааст. Пулиси рус бо ҳар баҳона муҳоҷиронро боздошт карда ва ба онҳо пешниҳоди ширкат дар ҷанг алайҳи Укроинро медиҳад. Дар сурати ради ин пешниҳод муҳоҷир ё истирдол мешавад ва ё ҳади ақал ҷарима.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

