Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДоналд Трамп бояд то 10 рӯзи дигар дар додгоҳ ҳозир шавад

Доналд Трамп бояд то 10 рӯзи дигар дар додгоҳ ҳозир шавад

Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи риёсатҷумҳурии 2024, рӯзи душанбе дар Атланта тавассути ҳайати мунсифа ба талош барои тағйири натиҷаи интихоботи риёсатҷумҳурии 2020 дар Иёлоти Ҷорҷияи Амрико, аз ҷумла таҳти фишор қарор додани мақомҳои фаъол дар амри афкорсанҷӣ, муттаҳам шуд. 

Ин чаҳорумин иттиҳоми содиршуда алайҳи раисҷумҳури собиқи Иёлоти муттаҳидааст. 

Фони Вилис, додситони масъули ин парванда гуфт, ки Доналд Трамп ва 18 муттаҳами дигар ҳозир дар парвандааш то 25 август фурсат доранд дар додгоҳе дар Ҷорҷия ҳозир шаванд. 

Додситоне, ки аз соли 2021 саргарми расидагӣ ба ин парванда аст, гуфт, ки хостори муҳокимаи муттаҳамони ин парванда “тайи шаш моҳи оянда” аст. 

Трамп, ки дар охирин назарсанҷиҳои анҷомшуда дар миёни номзадҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ пештоз аст, борҳо Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Иёлоти муттаҳида ва номзади ҳизби демократ дар интихоботи 2024-ро ба талош барои баргузории додгоҳҳои сиёсӣ алайҳи худ муттаҳам кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular