Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚарзи хориҷии Тоҷикистон ба $3,2 млрд баробар шуд

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $3,2 млрд баробар шуд

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли имсол ба 3,2 миллиард доллар баробар шудааст.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 15-уми август гуфт, дар ним сол зиёда аз 121 миллион доллар қарзро баргардонданд.

Қаҳҳорзода гуфт, дар шаш моҳи имсол қарзи хориҷӣ тақрибан бетағйир монд, вале соли оянда метавонад зиёд шавад, чун ҳукумат мехоҳад барои бунёди нерӯгоҳи Роғун маблағ бигирад.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон асосан аз Бонки содироту воридоти Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд қарздор аст.

Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст. Бахусус қарзҳои ҳангуфти Чин, ки шарту шароиташ расман эълон намешавад.

Мақомот борҳо гуфтаанд, ҷойи нигаронӣ нест. Расонаҳои ҷаҳонӣ намунаи Шри Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Чин гузошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular