Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк маҷрӯҳи дигари садамаи Кӯлоб ҷон бохтааст

Як маҷрӯҳи дигари садамаи Кӯлоб ҷон бохтааст

Як нафари дигар, ки дар садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб маҷрӯҳ шуда буд пас аз ду рӯзи ҳодиса дар бемористон ҷон бохтааст. Аз ӯ Қурбон Сӯфиев ном бурда мешавад. Дар ин бора шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар нишасти матбуотиаш хабар додааст, иттилоъ медиҳад «Азия Плюс».

Ба гуфтаи Назарзода, Қурбон Сӯфиев 29 сол дошта, дар пайи ин ҳодиса ҷароҳати вазнин бардоштааст ва то ахир вазъи саломатиаш ваҳим гуфта мешуд.

“Дар садамаи нақлиётии шаби 6-уми август 10 нафар фавтида ва 13 нафар дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳрию вилоятӣ бистарӣ шуданд. Баъди як рӯзи ҳодиса Мадинаи Ҷамолиддин ва рӯзи дуюм Қурбон Сӯфиев дар беморхона ҷон доданд. Теъдоди фавтидагон 12 нафар шуд”, — шарҳ дод шаҳрдори Кӯлоб.

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки “овозаҳое паҳн кардаанд, ки гӯё теъдоди фавтидагон хеле зиёд бошад, вале онҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6-уми август ронандаи мошини боркаши “Дулан” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз мошинро идора карда натавониста ва дар натиҷа бо суръати баланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд.

Ронандаи дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular