Sunday, July 12, 2026
Место для Реклама!
HomeҲуқуқи инсонБеш аз ҳазор маҳкумшуда аз зиндони “Якум Советский” озод шуданд

Беш аз ҳазор маҳкумшуда аз зиндони “Якум Советский” озод шуданд

Дар чорчӯби Қонун “Дар бораи авф” рӯзи 10-уми июл беш аз 1000 маҳкумшуда аз зиндони маъруф ба “Якум Советский” дар шаҳри Душанбе ба озодӣ баромаданд.

Раванди иҷрои қонуни авф аз субҳи имрӯз оғоз гардида, наздикону пайвандони маҳкумшудагон барои пешвози онҳо назди муассисаи ислоҳӣ ҷамъ шуданд. Бо вуҷуди гузашти чанд соат, мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи теъдоди дақиқи афвшудагони ин маҳбас маълумоти расмӣ ироа накардаанд.

Зиндони “Якум Советский” яке аз калонтарин муассисаҳои ислоҳии кишвар ба шумор меравад. Дар ин ҷо ҳамчунин чанд рӯзноманигор, блогер ва нависандаи зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим ва Абдуқодири Рустам адои ҷазо мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳо низ ба рӯйхати афвшудагон дохил шудаанд ё на.

Ҳамзамон бархе аз наздикони собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз озод шудани бародар ва бародарзодаҳояш ба расонаҳо хабар доданд. Аз ҷумла гуфта мешавад, субҳи рӯзи ҷумъа бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Нурулло Саидов аз зиндони “Якум Советский” ва бародарзодаҳояш, Муҳибулло Нуриддинов ва Нусратулло Саидов аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуданд.

Ҳамчунин Саидумар Саидов, хоҳарзодаи узви ҲНИТ Шамсиддин Саидов, ки охирҳои соли 2023 ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд дар ин авф озод шудааст.

Ин дувумин марҳилаи татбиқи қонуни авф дар рӯзҳои охир аст. Рӯзи 6-уми июл низ аз як қатор муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 2979 нафар, аз ҷумла 297 зан, ба озодӣ баромада буданд. Онҳо аз зиндонҳои Норак, Ваҳдат, Ёвон ва Дӯстӣ озод шуданд.

Қонуни “Дар бораи авф” рӯзи 16-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, ҳамон рӯз аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Тибқи ин санад, дар давоми ду моҳ нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда чораҳои авф татбиқ мешавад. Бар асоси он, қисме аз маҳкумшудагон пурра аз маҳбас озод шуда, барои қисми дигар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, пештар фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абру Алимардоншоев аз тарзи татбиқи қонуни авф нисбат ба маҳкумшудагони парвандаҳои ВМКБ интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ҳудуди 300 маҳкумшуда марбут ба ин парванда танҳо ду нафар озод ва муҳлати ҷазои се нафари дигар кам карда шудааст. Ӯ таъкид кард, ки агар қонуни авф бар пояи принсипҳои инсондӯстӣ қабул шуда бошад, бояд нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон баробар татбиқ гардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular