Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш сатҳи бекорӣ ва дастгирии даромади аҳолӣ мусоидат мекунад, вале дар дарозмуддат нигоҳ доштани ҳаҷми кунунии муҳоҷират мушкилтар хоҳад шуд. Ин нукта дар гузориши нави Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР) бо номи «Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва мушкилот» зикр мешавад.
Ин пажӯҳиш 29-уми октябр дар шаҳри Остона дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Дар роҳи рушди мутавозини иқтисодӣ» муаррифӣ шуд.
Бино ба арзёбии муаллифони пажӯҳиш, муҳоҷирати корӣ барои Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии коҳиш додани фишор ба бозори дохилии меҳнат боқӣ мемонад. Вақте иқтисод наметавонад ҳамаи хоҳишмандонро бо ҷойи кор таъмин кунад, як қисми аҳолӣ ба хориҷи кишвар меравад.
Интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба таъмини хароҷоти истеъмолии оилаҳо мусоидат карда, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ҳавасмандгардонии талаботи дохилӣ кумак мекунад.
Дар гузориш зикр мешавад, ки ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар баъзе давраҳо метавонад ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон баробар шавад. Ин ҳолат кишварро вобастаи пули муҳоҷирон мекунад.
Чаро ин вобастагӣ хатарнок аст?
Коршиносони Сандуқи авруосиёии суботу рушд, ба тағйирот дар сиёсати муҳоҷирати кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Русия ҳамоно самти асосии муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо сангин шудани қоидаҳои муҳоҷират дардар ин Русия имконии бозори меҳнати ин кишварро барои қабули коргарони хориҷӣ маҳдуд мекунад.

Қазоқистон низ муҳоҷиронро аз кишварҳои ҳамсоя ҷалб мекунад, аммо ҳоло аз рӯи миқёси таъминот наметавонад ҷойгузини Русия шавад.
Дар ҳамин ҳол, вобастагӣ аз даромади кор дар хориҷи кишвар дар дохили Тоҷикистон низ мушкилот эҷод мекунад. Тавре пажӯҳишгарон зикр мекунанд, интиқоли маблағҳои зиёд, истеъмол ва воридотро дастгирӣ мекунад, аммо на ҳамеша ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои кории сермаҳсул мусоидат мекунад.
Илова бар ин, агар кор дар хориҷи кишвар тахассуси баландро талаб накунад, муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад таваҷҷуҳ ба гирифтани таҳсилоти касбиро коҳиш диҳад.
Бозори меҳнати Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои ҳалли мушкили шуғли аҳолӣ танҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ такя кардан мумкин нест. Барои коҳиш додани хатарҳо Тоҷикистон бояд имкониятҳои бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолиро дар дохили кишвар васеъ карда, бахши хусусиро рушд диҳад, ҷойҳои кории сермаҳсул таъсис диҳад ва тахассуси кормандонро баланд бардорад.
Тоҷикистон то чӣ андоза аз муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст?
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2025 ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар тақрибан ба 46%-и ММД-и Тоҷикистон баробар буд. Соли 2023 ин нишондиҳанда 39% ва соли 2024 — тақрибан 49%-ро ташкил дод.
Дар баробари ин, тақрибан чоряки қувваи кории кишвар барои кор ба хориҷи кишвар меравад. Яке аз сабабҳои асосӣ, музди меҳнат мебошад. Тибқи маълумоти Агентии омор, моҳи июли соли 2026 музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 3508 сомонӣ аст.
Ҳамзамон, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳатто дар корҳои нисбатан камтахассус нисбат дар ватан се баробар даромад ба даст меоранд.

Чунин вобастагӣ иқтисоди Тоҷикистонро дар баробари тағйирот дар бозори меҳнати Русия осебпазир мегардонад. Коҳиши ҷойҳои корӣ, сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират ё кам шудани даромади муҳоҷирон метавонад, боиси коҳиши интиқоли маблағҳо гардад, ки ин ба даромади оилаҳо ва талаботи дохилӣ таъсир мерасонад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


