Аз 1-уми январи соли 2027 дар Русия қоидаҳои пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои хориҷиҳои коргар тағйир меёбанд. Муҳоҷироне, ки фарзанд ё дигар аъзои оилаашон дар Русия зиндагӣ мекунанд ва таҳти саробонии онҳо қарор доранд, маҷбур мешаванд, ки андози бештар пардохт кунанд.
Тавре Майя Шевтсова, вакили дифоъ, мушовири Палатаи федералии вакилони дифои Русия ба хабаргузории ТАСС шарҳ додааст, ки сухан дар бораи зиёд кардани пардохти андози мавҷуда (сухан дар бораи маблағи патент меравад) барои гурӯҳҳои муайяни коргарони хориҷӣ меравад.
«Пеш аз ҳама бояд мушаххас кард, ки қонунгузорӣ барои аъзои бекори оилаи шаҳрванди хориҷӣ андози алоҳида ҷорӣ намекунад. Сухан дар бораи зиёд кардани ҳаҷми пардохти пешпардохти муқарраршудаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ меравад, ки онро худи шаҳрванди хориҷии коргар пардохт мекунад».
Андоз чӣ қадар зиёд мешавад?
Тибқи қоидаҳои нав, барои ҳар як кӯдаки то 18-сола ё дигар узви оила, ки дар Русия таҳти саробонии муҳоҷир қарор дорад, маблағи пардохт аз маблағи асосӣ 50% зиёд карда мешавад. Масалан, агар муҳоҷир дар як моҳ 10 ҳазор рубл пардохт кунад, дар сурати доштани як шахси таҳти саробонӣ маблағ то 15 ҳазор рубл, ду нафар — то 20 ҳазор рубл ва се нафар — то 25 ҳазор рубл зиёд мешавад.
Ин ҳисобу китоби шартист. Ҳаҷми воқеии пардохт аз минтақаи Русия ва категорияи коргари хориҷӣ вобаста хоҳад буд.
Қоидаҳои нав, аз ҷумла ба кӯдакони фарзандхондшуда, инчунин кӯдаконе, ки таҳти васоят ё парасторӣ қарор доранд, дахл доранд. Дар баробари ин, агар ҳарду волидон шаҳрвандони хориҷӣ бошанд ва пешпардохтҳои дахлдорро супоранд, маблағи иловагиро барои як кӯдак танҳо яке аз онҳо бо интихоби худ бояд пардохт кунад.
Даромади муҳоҷирон чӣ гуна санҷида мешавад?
Аз 1-уми октябри соли 2026 Хадамоти федералии андози Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳоди маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷиро оғоз кард. Маълумот аз рӯйи натиҷаҳои се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳ пешниҳод мешавад.
«Ин маълумот имкон медиҳад муайян карда шавад, ки оё шаҳрванди хориҷӣ воқеан фаъолияти корӣ анҷом медиҳад ва оё барои таъмини худ ва аъзои оилааш, ки таҳти саробонии ӯ қарор доранд, маблағи кофӣ дорад ё не».
Ба гуфтаи ӯ, маълумот дар бораи кӯдакон ва дигар шахсони таҳти саробонӣ бо маълумоти баҳисобгирии муҳоҷират ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муносибатҳои хешутаборӣ муқоиса карда мешавад.

Илова бар ин, талаботи нав пешбинӣ мекунанд, ки даромади муҳоҷири коргар бояд барои таъмини худи корманд ва аъзои оилаи ӯ, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, кофӣ бошад.
Агар даромад кофӣ набошад, ин метавонад барои рад кардани додани баъзе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ё бекор кардани онҳо асос гардад. Дар баробари ин, қонун истисноҳоро низ пешбинӣ кардааст.
«Ҳамаи тағйирот на танҳо ба ислоҳи уҳдадориҳои андозӣ, балки ба муқаррар кардани робитаи зичтар байни фаъолияти кории шаҳрванди хориҷӣ, даромади ӯ ва қонунӣ будани будубоши аъзои оилааш дар Русия равона шудаанд», — хулоса кардааст вакили дифоъ.
Муқаррароти асосии қоидаҳои нав аз 1 -уми январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ҳоло ҳам макони асосии кори муҳоҷирони тоҷик боқӣ мемонад, вале шароити кор дар он сахттар шудааст. Мақомоти Русия тайи чанд соли ахир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” дар соли 2024 сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои муҳоҷирон бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, даҳҳо қонун ва талаботи нав барои муҳоҷирон қабул гардид.
Бинобар ин ҳукумат ва худи муҳоҷирон ба кишварҳои дигар рӯ меоваранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир ба Қазоқистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Британияи Кабир ба муҳоҷират мераванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


