Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокуниши Муҳиддин Кабирӣ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вокуниш ба , ин изҳоротро ҷангталабона арзёбӣ карда, гуфт, ки ин таҳрифи таърихе аст, ки шоҳидонаш то ҳанӯз зиндаанд.

Роҳбари ҲНИТ имрӯз, панҷшанбе (1-уми сентиябри 2016) дар суханони президенти кишвар мабнӣ бар инки ҲНИТ ҷанги шаҳрвандиро оғоз кардаастро мавриди интиқоди шадид қарор дода, гуфт: “Ин суханронӣ ва ин тарзи таҳрифи таърих, ки шоҳидонаш ҳанӯз зиндаанд, комилан ошкор мекунад, ки омилони аслии ҷанг ва миллаткушӣ чӣ касоне будаанд.”

Вай бо ишора ба рӯзи оғози соли ҷадиди таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун “рӯзи сулҳ” номида мешавад, афзуд: “Дар рӯзи сулҳ аз ҷанг ва ҷангталабона суҳбат кардан ба ин маъност, ки сулҳ ҷузъи тафаккур ва арзишҳояшон нест.”

Устод Кабирӣ дар идома қайд кард: “Вагарна, дар рӯзи сулҳ имкон дошт, ки ҳамчун раҳбари миллату кишвар суҳбат шавад, на ҳамчун як қумандони ҷанг ва намояндаи як тарафи ҷанг. Касе, ки дар рӯзи сулҳ аз ҷанг ва он ҳам дурӯғ ҳарф мезанд, наметавон ӯро инсони сулҳҷӯ номид, чи расад ба асосгузори сулҳ.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular