Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДаъвати Мирзиёев ба эътилофи минтақавӣ

Даъвати Мирзиёев ба эътилофи минтақавӣ

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар нишасти минтақавӣ, ки имрӯз, 10-ноябр  дар Самарқанд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак” оғоз шуд, даъват ба як эътилофи осиёимиёнагӣ кард.

Мирзиёев гуфт: “Дар ин рӯзҳо мо бояд ба ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ бештар таваҷҷӯҳ кунем. Вобаста ба ин, пешниҳод мекунам, ки Эътилофи раҳбарони минтақа ва доираҳои тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Вақте мо бо минтақаҳо, бо роҳбарони онҳо ва доираҳои тиҷоратӣ робитаи мустақим барқарор мекунем, натиҷа хоҳад дод. Вақте мо ба онҳо кӯмак ҳам накунем, балки халал нарасонем ҳам натиҷа чашмрас мешавад».   

Раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, дар як соли охир додугирифт байни кишварҳои минтақа 20 дарсад афзудааст.

Дар нишасти Самарқанд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа, роҳбарони СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲШ, ИДМ, намояндагони сафоратхонаҳо, коршиносону рӯзноманигоронширкат доранд. Шумори ширкаткунандагон беш аз 500 нафар гуфта мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular