Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВохӯрии мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Яман

Вохӯрии мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Яман

14-уми ноябр мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Яман  қувваозмоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футболи кишварамон бо дастаи мунтахаби Яман барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳам вомехӯранд.

Ин бозӣ бо мизбонии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “Ғ” дар даври панҷуми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо раҳбарии Ҳаким Файзуллоев баргузор мегардад.

Оғози ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ муайян гардидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular