Диктатура ва худкомагӣ аз куҷо ва чигуна пайдо мешавад? Он ягон кулоҳ нест, ки аз осмон ба сари касе афтад. Касе ҳам диктатор ба дунё намеояд. Як нафар ба танҳоӣ ҳам наметавонад худашро диктатор созад. Диктатор аз тарафи мардум ва бо дасти онҳо сохта мешавад ва баъд балои ҷонашон мегардад. Вақте як нафарро мардум ба ҳадде мерасонанд, ки фикр мекунад ҳама чизро медонад ва ҳаргиз хато намекунад, бидуни тардид диктаторро сохтаанд.
Дар кишвари мо чанде пеш президенти кишварро унвони Пешвои миллат доданд. Маҳз ҳамонҳое, ки ба хотири ҳифзи мақому мансаб ба сарвату қудраташон Пешвои миллатро ихтироъ карданд, ин бор дар идомаи манқуртсозии миллат ва худкомасозии як шахсият рӯзи Президент ҳам эълон карданд. Аз ин пас рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун рӯзи Президент ҷашн гирифта хоҳад шуд. Рӯзе, ки дар он боз ҳам мадҳиясароён ва тамаллуқкорон гули сари сабад хоҳанд буд ва фурсатталабон барои нишон додани садоқати худ чи корҳое, ки хоҳанд кард.
Бо вуҷуди он ки баъзеҳо Осиёи Миёнаро музеи диктаторҳо унвон кардаанд, боз ҳам мебинем, ки дар баъзе кишварҳои ин минтақа аллакаий ислоҳот оғоз ёфтааст.
Барои мисол дар кишвари Қирғизистон дар 25 соли истиқлолияташон аз Шуравӣ, барои бори 5 ум президенти нав интихоб карданд. Қирғизҳо аллакай ба ин натиҷа расиданд, ки озодӣ барои онҳо аз ҳама бештар аҳамият дорад. Ҳатто эътибору ҷойгоҳи миллату Ватанашонро низ аз ин роҳ боло бурдаанд.
Дар кишвари ҳамсояи мо Узбекистон бошад, пас аз ба қудрат расидани Мирзиёев ислоҳот оғоз шудааст. Шояд ин як давраи гузариши муҳандисишуда аз суи ҳукумат бошад ва дар оянда ба кундӣ пеш равад, вале он ба самти озодӣ ва демократия аст, на ба самти худкомагӣ.
Ҳамин тавр агар як нигоҳи куллӣ ба минтақа дошта бошем, мебинем, ки дар Қирғизистон 5 бор президент иваз шудааст, дар Тоҷикистону Қазоқистон бошад, президентҳо ҳамоно ивазнашаванда боқӣ мондаанд. Дар Туркманистону Узбекистон бошад танҳо Азроил тавонист президентҳоро иваз кунад.
Оё мардуми Тоҷикистон ҳам мунтазири Азроил хоҳанд нишаст ва то омадани ӯ ба мадҳиясароиву тамаллуқкориашон идома хоҳанд дод?
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

