Аз 15 то 17-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии маъюбон баргузор мегардад.
Ин конфронс тавассути Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва бо ташаббуси ҳукумати кишвар ба кори худ оғоз хоҳад кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ин конфронс бо мақсади табодули таҷриба дар раванди ҳамроҳ шудан ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар асоси нақшаи қаблан таҳия шуда гузаронида мешавад.
Дар кори ин конфронс намояндагон кишварҳои Россия, Украина, Молдова, Беларус, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон ва намояндагони СММ, ки худ шахсони дорои имкониятҳои маҳдуданд, иштирок менамоянд.
Иниизор меравад Тоҷикистон то охири соли 2017 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро қабул ва онро тасвиб кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

