Баҳс перомуни забони форсӣ дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо доғ шудааст. Би Би Си (BBC) саҳифаи фейсбукии худро, ки пеш ВВС-и Афғонистон ном дошт, ба ВВС-и дарӣ тағйир додааст.
Донишмандон ва нухбагони зиёди илму фарҳанг ва сиёсатмадорони форсизабон ин амали дастандаркорони ВВС-ро як амали тарҳрезишудаи сиёсӣ унвон карданд, ки ҳадафаш тафриқаандозӣ ва пора-пора кардани забони форсист.
Алайҳи ин иқдоми ВВС дар Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул ва дар назди бинои ВВС дар Лондон садҳо ва ҳазорон нафар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор карда, хостори ба номи пешин, яъне ВВС-и Афғонистон баргардондани саҳифаи фейсбукӣ шуданд .
Ҳамчунин 180 нафар донишмандони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон низ бо фиристодани номае ба ВВС шадидан аз “бархӯрди форсиситезона”-и ин хабаргузорӣ ибрози нигаронӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол Садои Амрико алъон як назарсанҷиеро дар мавриди чӣ ном кардани забон (форсӣ ё дарӣ) оғоз кардааст, ки то ҳанӯз 74 дарсад ба тарафдории заӣони форсӣ ва 22 дарсад ба дарӣ овоз додаанд. Шумо низ метавонед бо нохун задан инҷо дар он ширкат намоед:
https://www.darivoa.com/a/4118324.html
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

