Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОЁ подшоҳи Саудӣ канорагирӣ хоҳад кард?

ОЁ подшоҳи Саудӣ канорагирӣ хоҳад кард?

 Подшоҳи Арабистони Саъудӣ, Салмон бин Абдулазиз аз мақоми худ канорагирӣ хоҳад кард.

 Хабаргузории “Дойче Велле” — Олмон, ба нақл аз рӯзномаи Британиягии Daily Mail, иттилоъ додааст, ки ҳафтаи оянда, подшоҳи 82-солаи Саудӣ аз мақоми худ, ба нафъи писараш Муҳаммад бин Салмон, канорагирӣ хоҳад кард.

   Як мақоми баландпояи наздик ба хонаводаи подшоҳи Арабистони Саъудӣ ба Daily Mail гуфтааст, ки ҳафтаи оянда, Малик Салмон подшоҳии писараш Муҳаммади 32 соларо эълон хоҳад кард.  

 Муҳаммад бин Салмон, фарзанди калонии ҳамсари сеюми подшоҳи Арабистон, феълан Валиаҳди ин кишвар аст. Ӯ ҳамчунин Вазири дифоъи кишвараш аст.

  Ҳафтаи гузашта, бо дастури Муҳаммад бин Салмон 11 шоҳзода ва 4 вазири давлат ва чанде аз мақомоти собиқи ин кишвар аз сӯи Кумитаи мубориза бо фасод боздошт шуданд. Ин боздоштҳо танҳо чанд соат пас аз ташкили кумитаи мазкур сурат гирифтанд.

  Агар Муҳаммад бин Салмон подшоҳи Арабистон шавад, вай ҷавонтарин подшоҳ дар таърихи ин кишвар хоҳад буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular