Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамапурсии Курдистон лағв хоҳад шуд?

Ҳамапурсии Курдистон лағв хоҳад шуд?

Рӯзномаи нимарасмии “Шарқ-ул-авсат”-и Саъудӣ бо такя ба манобеъи мувассақе аз Курдистони Ироқ гуфтааст, ки додгоҳ федеролии Ироқ рӯзи душанбе, 21 ноябри 2017 тасмими ниҳоии худро дар бораи лағви ҳамапурсии иқлими Курдистони Ироқ ва манотиқи мавриди эълон хоҳад кард.

Тибқи гуфтаи ин манобеъ, қарор аст мақомоти минтақаи Курдистон ба тасмими додгоҳи федеролии Ироқ эҳтиром бигзоранд ва раъйи додгоҳро мӯҳтарам шуморанд.

Ин манобеъ ба рӯзномаи “Шарқ-ул-авсат” хабар додаанд, ки курдҳои Ироқ гуфтаанд, ҳатто агар раъйи додгоҳ лағви ҳамапурсии Курдистон бошад, онҳо ба тасмими додгоҳ пойбанд хоҳанд буд.

Рӯзномаи “Шарқ-ул-авсат навишт: «як коршиноси ҳуқуқи курд таъкид кард, ҳукумати иқлими Курдистон байни фишори ҳукумати марказӣ мардуми иқлим, ки лағви ҳамапурсиро тавҳин ба иродаи худ медонанд, қарор гирифтааст».

Ӯ гуфт: «раъйи додгоҳ ҳукумати Курдистонро аз ин вазъият мушкили ба вуҷуд омада хориҷ хоҳад кард ва дар айни ҳол хостаи давлати марказиро низ бароварда мекунад».

Ин манбаъ ҳамчунин ба рӯзномаи “Шарқ-ул-авсат иттилоъ додааст, ки тамоми касоне, ки дар ҳамапурсӣ нақш доштанд бар лағви он тааҳҳуд дода ва қонун лағви онро имзо хоҳанд кард, аммо муқаррар шуда, ки ин мавзӯъ ба расонаҳо дода нашавад.

Ба навишта “Шарқ-ул-авсат” пайдо шудани ин иттилоот бо сафари ногаҳонии Рекс Тиллеррсон ба Бағдод ва даъвати вай аз ироқиҳо барои оғоз гуфтугӯ ҳамзамон буд.

Қарор аст вазири хориҷаи Амрико бар гуфтугӯи Бағдод — Ирбил назорат кунад

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular