Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатори тезгарди Макка —Мадина ба ҳаракат даромад

Қатори тезгарди Макка —Мадина ба ҳаракат даромад

Қатораи тезгарди Ҷида-Макка ба тӯли 450 километр рӯз душанбе расман ифтитоҳ шуд. Ин қатораи барқӣ тавассути як консирсиюм аз ширкатҳои Саудӣ, арабӣ ва байналмилалӣ сохта шуда, ҳазинаи сохти он бештар аз 63 миллиард риёл саудӣ (17 миллиард доллар) будааст.

Шуморе аз масъулини баландпояи Саъудӣ дар аввалин ҳаракати ин қатора ҳузур доштанд.

Подшоҳии Саудӣ ҳамасола мизбони 5,3 миллион зоири маросими ҳаҷ ва 4 миллион ҳаҷи умра мебошад ва ҳаракати ҳоҷиён байни Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара бештар ба василаи қатор сурат мегирад, ки зарфияти ҳамли 60 миллион мусофир дар солро дорад.

Мақомоти Саъудӣ эълом карданд, ки қатори «Алҳарамайн» дар соли 2018, пас аз такмили ҷонибҳои амнӣ ва рифоҳии он ба баҳрабардории комил хоҳад расид. Тибқи гуфтаи масъулин, ин қатор бар асоси стандартҳои байналмилалӣ аз эминии болое бархӯрдор аст ва тамоми васоил рифоҳӣ дар он дар назар гирифта шудааст.

Ин қатор шомили 5 истгоҳ аст, ки аз Маккаи мукаррама оғоз гашта, пас аз убур аз Ҷидда ва шаҳри иқтисодии малик Абдуллоҳ ба шаҳри Мадинаи мунаввара мерасад. Ин масир дар 150 дақиқа тай мешавад, ки пештар беш аз 7 соат тӯл мекашид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular