Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯмаки анҷумани форсизабонон ба зарардидагони Кирмоншоҳи Эрон

Кӯмаки анҷумани форсизабонон ба зарардидагони Кирмоншоҳи Эрон

Нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо бахше аз даромади ҳосилшудаи ин ҷашнвораро ба зарардидагони зилзилаи Кирмоншоҳ ихтисос медиҳад.

Ба иттилои “Student news”, Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо эълон доштааст, ки 5 дарсади даромади ҷашнвораро ба зарардидагон дар зилзилаи Кирмоншоҳи Эрон ба унвони кӯмак мефиристад.

Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонон дунё моҳи январи соли 2018 бо иштироки ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонстон баргузор хоҳад шуд.

Тибқи рӯзномаи ин ҷашнвора, дар бахши мусиқӣ чанд консерти ҳунарӣ низ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷашнвора аз санъатҳои ҳунарии кишварҳои форсизабонон  намоиш дода мешавад.

Ин ҷашнвора дар Аврупо дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис баргузор мегардад ва дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Тоҷикистонро фалаксарои машҳури кишвар Давладманд Холов дар раъси як ҳайъат муаррифӣ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular