Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаблиғи сиёҳ ҳам таблиғ аст

Таблиғи сиёҳ ҳам таблиғ аст

Тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон мавҷи ҷадиди мухолифҳаросӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро ҳукумат бо истифода аз абзорҳои интизомӣ дар суфуфи мақомоти қудратии кишвар ва як идда журналисту нависанда ва каламкашон идора мекунад ва ба ин васила зоҳиран мехоҳад, ки  обрӯ, эътибор ва эътимоди мардумро нисбат ба мухолифонаш, ба хусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҳаракати «Гуруҳи 24» бикоҳад.

Аммо мантиқан ин муборизаҳои иттилоотӣ ва фишори мавҷҳо дар дарозмуддат ба нафъи мухолифон анҷом хоҳанд шуд, на мувофиқони ҳукумати феълӣ. Агар раванди манфинависиҳои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар»-ро сар-сарӣ ҳам биёмӯзем, ба чунин хулоса мерасем:

1) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ҳаракати «Гуруҳи 24»-ро ройгон таблиғ доранд. Ҳарчанд манфӣ ҳам бошад, азбаски бо  дурӯғҳои шохдор тӯҳмат мебанданд, ҳатто як фарди оддӣ ҳам пай мебарад, ки ин кори дасти «Фабрикаи ҷавоб» аст. Бо интишори онҳо эътибори худи ҳукумат дар ҷомеа коста мегардад.

2) Бо ин дурӯғҳои шохдорашон талхаи мардуми бечораро “мекафонанд”. Агар касе ба  ин гуфтаҳояшон бовар дошта бошад, вой бар ҳолаш ва агар касе бовар надошта бошад, баръакс умедро дар дилаш зинда месозанд, ки рӯзе ҲНИТ ва «Гуруҳи 24» ва ё дигар мухолифин алайҳи ин режими худкома қиём мекунанд ва мардуми Тоҷикистонро аз зулм наҷот медиҳанд.

3) АМИТ «Ховар» гумон дорад кишварҳои Ғарб он қадар соддае ҳастанд, ки ба ин афсонаҳо бовар мекунанд, аммо чунин нест. Давлатҳои абарқудрат ҳаргиз бидуни таҳқиқ хулосабарорӣ намекунанд. Як муттахасиси сатҳи миёна бо таҳқиқи ин навиштаҳо дар камтарин фурсат дармеёбад, ки ҳақиқат куҷост.

4) Агар Кабирӣ, $10 000  не, 5 ё ҳатто 3 ҳазор долларӣ ба шаҳрвандони кишвар дода метавонист, то ба гуфтаи ӯ амал кунанд, дар як рӯз артиши муҳоҷирони кори аз Русия пиёда ба Ватан ҳаракат мекард ва тамоми хиёбонҳои Душанбе пур аз тазоҳуротгарон  мешуд. Аммо имрӯзҳо на танҳо ниҳодҳои ҳукуматӣ, ҳатто раисҷумҳур низ дар баромадҳои бемантиқаш дар як вақт ҲНИТ-ро ҳам ба ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам мекунанд ва ҳам бо шиъагароӣ ва таблиғи мардуми кишвар ба он ду, ки ин тамоман аз  мантиқ дур аст. Агар ба гуфтаҳои раисиҷумҳур ва «фабрикаи ҷавобаш» назар андозем, ба чунин хулосае мерасем, ки гуё ДОИШ барои барқарор кардани мазҳаби шиъа дар тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷанг карда истодааст. Дар ҳоле, ки ин ду душмани ашаддии якдигаранд ва ҳаргиз бо ҳам ҷӯр намеоянд ва инро тамоми ҷаҳон медонад.

5) Ҳукумат бо ин иқдомаш сангинтарин зарбаро ба имиҷи миллат мезанад, ки ҷуброннопазир аст. АМИТ «Ховар» аз зану мардони Тоҷик он қадар дурӯғгӯву фиребгар сохтааст, ки агар як ғайритоҷик навиштаҳои онҳоро мутолиъа кунад, ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикон аз ҷӯғиҳое, ки ҳамеша бо фиреби мардум машғуланд, бадтаранд ва ба тамоми миллат лаънат хоҳад гуфт.  Зарбаи баъдии ин иқдом ба ваҳдату якпорчагии миллат равона шудааст, ки мутаассифона тайи 25 соли охир  ҳукумат дорад тафриқа меандозаду ҳукумронӣ мекунад. Агар хонанда аз ҳиллаву найрангбозиҳои ҳукумат огаҳ набошад, дар дилаш нисбати миллати худ нафрат пайдо мекунад. Албатта ҳадафи режим нобоварӣ эҷод кардан дар байни тоҷикон аст ва бо ин роҳ мехоҳад ҳамватанони моро, ки дар Аврупо, Русия, Туркия ва дигар кишварҳо фаъолияту зиндагӣ мекунанд, бо якдигар душман бисозад ва эътибору эътимоди байни ҳамдигариашонро аз байн бибарад.

    Ин дуруғҳое, ки «Фабрикаи ҷавоб» дар ҳаққи ҳаммеҳанони худ мебофад ва ба имиҷи миллат латма ворид мекунад, ҳаргиз ягон аҷнабӣ анҷом надодааст.  Аз ҳама аламовараш он аст, ки  дар минбарҳо лоф аз ваҳдату якпорчагии миллӣ мезананд, вале дар асл теша ба решаи ваҳдат зада истодаанд.

(хонандаи Паём.нет)

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular