Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузор ва сарвари фақиди ҲНИТ-ро аз зумраи қишри огоҳ ва ҷонибдори эҳёи суннатҳои миллӣ дар солҳои 60-уми қарни гузашта, саҳим дар роҳандозӣ ва тарвиҷи системаи бисёрҳизбӣ, ки онро бархе коршиносон барои Тоҷикистону минтақа чун «карбоҳидрид» медонанд, номидааст.
Мавсуф дар як мусоҳибаи тахассусӣ бо хабаргузории «Азия-плюс» бо ёдоварӣ аз наҳзати миллии тоҷикон дар солҳои 60-ум, ки он замон то ҳадде талош барои боло бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дигар суннатҳои миллӣ боло гирифт, гуфтааст, ба андешаи ӯ, ҷараёни мазкурро аз вазифа сабукдӯш намудани Турсунбой Улҷабоев, муншии аввали Кумитаи Марказии Ҳизби куммунистии Тоҷкистони Шӯравӣ таҳрик дод. Зеро ба андешаи ин таҳлилгар, «аз вазифа сабукдӯш намудани Улҷабоев ба таври хеле қабеҳ амалӣ гашт. Бинобар он ки қишри халлоқи ҷомеа аз ӯ ҷонибдорӣ менамуданд, аз вазифа гирифтанаш норозигии ҷомеаро ба бор овард. Эътирози мардумро таъини Ҷаббор Расулов, ки умуман аз як раҳбари мунзабит, иҷрокунандае беш набуд, боз ҳам амиқтар кард. Дар даврони раёсати ӯ ҷараёнҳое оғоз гаштанд, ки ҷомеа аз онҳо бо дард ёд меорад. Барои мисол, ҳадафмандона маҳдуд намудани фазои забони тоҷикӣ, тарвиҷи саноат бо такя ба ҷалби густардаи кадрҳо аз дигар манотиқи ИҶШС, ки ҷиҳати гирифтани манзили зист бартарият доштанд. Ин ҳама эҳсоси манфиро (нисбат ба ҳукумат) бедор мекард».
Дар чунин як шароит Рашид Ғанӣ Абдулло, аз ашхоси миллигарое ёд меорад, ки бо ин ё он амалашон дар соҳоти мухталиф ғамхории худро нисбат ба миллат зоҳир намудаанд. Бобоҷон Ғафуров ва Маҳмудҷон Воҳидов аз зумраи он шахсиятҳои миллигарое дар он замон ҳастанд, ки коршиноси масоили сиёсии тоҷик аз онҳо ёд намуда.
Дар ҳамин радиф Рашид Ғанӣ Абдулло афзудааст, «дар соҳаи дин низ чунин як рӯйкард ба амал омад. Замони ҳукумати Хрушев мубориза алайҳи дин ва урфу одот шадид гашт. Ин гуна мубориза ҳамчун зарба ба манобеи динию миллӣ низ пазируфта шуд. Табиист, ки ин амал наметавонист бидуни бархӯрд бимонад. Дар пасманзари ҳамин ҷараёнот ҳаракате бо номи Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки баъдтар ба ҲНИТ» табдил шуд.
Гузашта аз ин коршинос ҳатто пайдоши ҲНИТ-ро ба мубориза барои ҳуввияти миллӣ рабт медиҳад, зеро дар ҷавоб ба суоли «аввалҳо ҲНИ чӣ гуна ғояҳоро дунбол мекард?», гуфтааст, «ба андешаи ман, аз як тараф он зарурати шаклгирии системи анъанавии динӣ, аз ҷониби дигар эҳёи алоқа бо гузаштаро дар ояндасозӣ дар заминаи миллӣ, ки танҳо дар қисмати Ислом таҷассум мегашт, дунбол мекард».
Таври маълум, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мароҳили мухталиферо тай кардааст, то ба ҳадди ҳизбӣ бирасад, ҳамчунин ташаккули он ба замонҳои мухталиф қисмат мешавад. Агар он дар шакли ҳалқаи дарсию фарҳангӣ ё динӣ поягузорӣ шуд ва баъдан, ба ҳаракат ва ҳизб бадал гашт, гӯӣ замона ва режими сиёсӣ низ пайт меҷуста, ки бо «шикастани яхҳо» субҳи бозсозӣ дамид, вале тоҷик аз он ки шаҳди истиқлол бичашад, ҷоми хун нӯшид. ҲНИТ низ баъд аз расман шинохта шудан ҳиҷрат карду он ҷо низ ба ҳаракате бадал гашт ва пас аз сулҳу бозгашт ба Ватан боз ҳам дар шакли як ҳизби дорои моҳияти динӣ ба фаъолият пардохт.
ҲНИТ ҳиҷрат кард, вале аз ҳиҷрат бидуни дастовард барнагашт. Дастоварде, ки ҲНИТ овард, ин фишурдани дасти ҷониби ҳукумат ва сулҳ бо дигар ҷониби даргир буд. Дар ин маврид Рашид Ғанӣ Абдулло аз нақши устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сутудааст. «Фикр мекунам, соли 1995, зимни вохӯрии аввали Эмомалӣ Раҳмон бо Нурӣ, ки дар Кобул баргузор гашт, маълум буд, онҳо ба мувофиқа, ҳармдигарфаҳмии сиёсӣ ва башарӣ расиданд. Заминаи ин чунин буд: аввалан, вақте сарвари давлат Э. Раҳмон интихоб шуд, эълон дошт, ки вазифаи асосии ӯ расидан ба сулҳ аст. Нурӣ низ дар навбати худ аз иҷро шудани сенариёи ҷанги фарсоишии афғон дар Тоҷикистон хавф бурд. Дувум, на Э. Раҳмон, на Нурӣ дар оғози даргириҳои дар хати аввали ҷабҳа қарор надоштанд. Аз ҷиҳати рӯҳӣ ба тавофуқ расидани эшон ба ҳам осонтар буд», афзудааст коршинос.
Ҳамин тариқ, ахиран, Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ нақши устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар низоми бисёрҳизбии бориз дониста, афзудааст, «бисёрҳизбӣ барои мо ва ҳамсояҳоямон дар минтақа захираи муҳиме чун ҳидрокарбон аст».
Бознашр аз nahzat.tj
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

