Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНомаи ҳукумати Тоҷикистон ба Литва дар бораи сафари  Муҳиддин Кабирӣ

Номаи ҳукумати Тоҷикистон ба Литва дар бораи сафари  Муҳиддин Кабирӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба мақомоти Литва ҳанӯз як ҳафта қабл аз сафари Муҳиддин Кабирӣ ба ин кишвар нома фиристодаанд, то аз ширкат ва суханронии ӯ дар яке аз донишгоҳҳои ин кишвар пешгирӣ шавад.

Дар ин бора ба ” Паём ” сарчашмаи мӯътамад аз пойтахти ин кишвар хабар дод. Тибқи гуфтаи ин манбаъ, номаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҳоле расид, ки мақомоти Литва ба номаи қаблии сафорати Тоҷикистон дар Белорус оиди ин мавзӯъ ҷавоби “қонеъкунанда” надод ва тарафи Тоҷикистон маҷбур шуд масъаларо дар сатҳи болотар матраҳ намояд.

Ҳанӯз як ҳафта қабл аз суханронии Муҳиддин Кабирӣ ворид шудани номаи такрорӣ аз вазорати хориҷа баёнгари он аст, ки қаблан ройзаниҳое дар сатҳи поинтар сурат гирифтааст, ки бенатиҷа будаанд.

Анҷом шудани ин сафар ва суханрониву мулоқотҳои Муҳиддин Кабирӣ дар Литва нишон медиҳанд, ки номаи вазорати хориҷа ҳам таъсире дар ин масъала накардааст.

Манбаъи “Паём ” дар Вилнюс изофа кард: “Шояд таъсири ягонаи ин номаҳо он буд, ки каме таваҷҷӯҳи мақомоти расмии ин кишварро нисбати ин сафар ва худи чорабинӣ боло бурд. Инро аз сатҳи ширкати мақомот дар мизи гирд ва ҳузури нерӯҳои вижаи ҳифозатӣ ҳангоми чорабинӣ мушаххас буд.”

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик ба сафарҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳои Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ ҳассосият нишон медиҳад. Ҷанҷолитарин вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба сафари ӯ ба Теҳрон буд, ки то имрӯз таъсири он дар робитаҳои ду кишвар эҳсос мешавад.

Бойкоти нишасти солонаи САҲА дар Варшава ва ҳатто таҳдиди бастани дафтари ин созмон дар Душанбе аз дигар вокунишҳои ҳукумати Тоҷикистон нисбати ширкат ва суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар чорабиниҳои ӯ буд. Аммо, бо сабабҳои номаълум ҳукумат якбора мавқеъи худро тағйир дод ва ба ҷои бастани дафтар эълон кард, ки соли оянда дар нишасти солона ширкат хоҳад кард.

Чанд рӯз пеш вазири хориҷаи кишвар Сироҷиддин Аслов дар Вена бори дигар аз САҲА барои даъвати мухолифини тоҷик  ба нишастҳо интиқод кард.

Эътирозҳои ҳукумати Тоҷикистон ба Малайзия, донишгоҳи Ҳайделберги Олмон ва дигар созмонҳо нисбатан оромтар ва ё бидуни сарусадо буд.

Эҳсос мешавад, ки ба ҷуз Ирон ҳеҷ кишвар ё созмоне эътирозҳо ва ё таҳдидҳои ҳукумати Тоҷикистонро ҷиддӣ нагирифтааст. Пас аз он конфронси ҷанҷолӣ, соли дуввум аст, ки роҳбари ҲНИТ ба Конфронси ваҳдати исломии Теҳрон даъват намешавад ва инро метавон як навъ гузашти ин кишвар дар баробари хостаҳои ҳукумати Тоҷикистон талаққӣ кард.

Ҳоло бубинем, ҳукумати Тоҷикистон ба Литва барои нодида гирифтани хоҳишаш эътирозе хоҳад кард ё не?

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular