Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДомоди Махсуми Абдусаттор боздошт шуд

Домоди Махсуми Абдусаттор боздошт шуд

Хайрулло Шарифов, домод ва ҷияни Махсуми Абдусаттор – зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ боздошт шуд.

Тибқи иттилои манбаъи Паём, Хайрулло рӯзи ҷумъа аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохтлаи кишвар боздошт шуда, додгоҳ ҳукми боздошти панқрӯзаашро содир кардааст.

Хайрулло Шарипов дар боздоштгоҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз сабаби боздошташ маълум нест.

Қаблан Паём аз сактаи мағзӣ гирифтани Махсуми Абдусаттор дар натиҷаи шиканҷаи “склонка” иттило дода буд, ки вокунишҳои зиёдеро ба миён овард..

Ҳоло боздошти домоди Махсуми Абдусаттор ба расонаӣ шудани бемории ӯ дар натиҷаи шиканҷа бастагӣ дорад ё на, маълум нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular