Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусовии Тоҷикистону Туркия

Мусовии Тоҷикистону Туркия

Вохӯрии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо дастаи миллии Туркия бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи “Федератсияи Футболи Тоҷикистон”, тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Туркия мулоқот кард, ки натиҷаи ин мусобиқа бо ҳисоби мусовӣ — як бар як ба анҷом расид.

Дар ин бозӣ капитани тими милли Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов дар дақиқаи 13 тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон кард ва аз тими миллии Туркия Муҳаммад Олтуной дар дақиқаи 27-ум тавонист, ки ҳисобро баробар кунад.

Дар назар аст имрӯз байни дастаҳои миллии Тоҷикистон Туркия  вохӯрии дигаре  анҷом дода шавад.  

Ин мусобиқа ба хотири омодагӣ ба финал дар чемпионати Осиё оид ба футболи 2018  дар шаҳри Душанбе дар толори варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular