Паёмбари Худо (с) мефармояд: “ Худованд маро ба Паёмбарӣ баргузид, то ин ки ахлоқи карима ва писандидаро комил намоям.” (Ривояти Аҳмад)
Маънои “Ахлоқ” дар луғат ва истилоҳ
Ахлоқ калимаи арабӣ буда шакли танҳои он хулқ ва хулуқ аст. Ахлоқ дар луғат ба маънои сиришт хуй, табиат, хислат, одат ва амсоли он меояд. Ахлоқ яъне сурати дарунӣ, ботинӣ ва ноаёни одамист, ки бо чашми зоҳири дида намешавад, балки бо басират дарк карда мешавад. Дар муқобили хулқ ва хулуқ, халқ истифода мешавад, ки баёнгари сурати зоҳирии одам аст, ки бо чашми сар дида мешавад. Имом Ғазолӣ дар ин маврид мегӯяд: “ Ин ду калима, хулқ ва халқ бо ҳам чунин истифода мешаванд. Гуфта мешавад: Фалонӣ хулқ ва халқи хуб дорад. Яъне ҳусни ботинӣ ва зоҳирӣ дорад. Мурод аз хулқ сурати ботинӣ ва мурод аз халқ сурати зоҳирӣ мебошад. “Сипас хулқро чунин таъриф мекунад: “Хулқ (ахлоқ) иборат аз ҳайат ва сирати росих ва пойдори нафсонӣ аст, ки афъоли мутаносиб бо он ба осонӣ ва бидуни фикру тааммул, аз инсон содир мегардад. Агар аз он афъол ва аъмоле, ки аз нигоҳи шаръ ва ақл писандида ва хуб ҳастанд, содир шавад ба он хулқи ҳасан гӯянд. Агар аз он ҳайат, афъол ва амалҳои ношоиста ва зишт содир гардад, он ҳитаро хулқи бад гӯянд.” Эҳёу-л-улуми-д-дин китоби риёзату-н-нафс, саҳ. 934
Бархе аз донишмандон ахлоқро тарзе таъриф кардаанд, ки чӣ гуна рафтор кардан ва чӣ гуна будани инсон ҳардуро дар бар мегирад. Чӣ гуна рафтор кардан, марбут ба амалҳои инсон мешавад, ки гуфторро ҳам дар бар мегирад. Чӣ гуна будан, яъне сифатҳо ва малакаҳои нафсонии инсонҳо.
Ҷойгоҳи ахлоқ дар Ислом
Ахлоқ дар Ислом аз аҳаммияти вижае бархӯрдор буда, баъд аз ақида ва ибодат, қарор мегирад. Абуҳурайра(р) ривоят кардааст, ки аз Расул(с) пурсида шуд: Чӣ амалҳое зиёдтар мардумро вориди ҷаннат месозанд? Паёмбар (с) фармуданд: “Тақвои илоҳӣ ва хулқи некӯ.” (Тирмизӣ)
Дин дар маҷмӯъ иборат аз ахлоқ аст. Чун аз ҳазрати Оиша (р) пурсида шуд, ки ахлоқи Паёмбар чӣ гуна буд, ки Қуръон онро ситоиш кардааст? Дар ҷавоб фармуд: “Ахлоқи Паёмбар Қуръон буд.”
Сангинтарин чизе, ки дар рӯзи ҳисоб бар мизони аъмол гузошта мешавад, ахлоқи нек аст. Паёмбар(с) мефармоянд: “Рӯзи қиёмат дар тарозуи мӯъмин ҳеҷ чизе сангинтар аз хулқи накӯ нест. Ҳамоно Худованд шахси фаҳҳош ва бадгӯйро бад мебинад.” (Абудовуд ва Тирмизӣ)
Шахсе, ки ахлоқи накӯ дорад маҳбуби Паёмбар (с) ва ҳамнишини ӯ дар ҷаннат аст. Расули Худо гуфтаанд: “Маҳбубтарини шумо назди ман ва ҳамнишинони наздики ман дар ҷаннат ҳамонҳое ҳастанд, ки ахлоқи нек доранд.” (Тирмизӣ)
Инсон бо доштани ахлоқи писандида дараҷаи шабзиндадор ва рӯзадорро дарёфт мекунад. Паёмбар (с) иршод фармуданд: “Мӯъмине, ки хулқи хуб дорад, дараҷа ва мартабаи шахсеро дарёфт мекунад, ки шабҳоро бо ибодат ва рӯзҳоро бо рӯза мегузаронад.” (Абудовуд ва Аҳмад)
Ахлоқи накӯ дар Ислом ҷойгоҳи воло ва аҳаммияти хоссеро доро мебошад, осори хуб ва натиҷаҳои неки ахлоқ, чунон зиёданд, ки бо овардани ҳамаи он мавзӯъ ба дарозо кашида мешавад. Дар умум бо итминон метавон гуфт, ахлоқи накӯ таъминкунандаи саъодати дунё ва охират аст.
Шарҳи мухтасари ҳадис
Дар ин ҳадис Паёмбари Худо (с) ба чанд ҳақиқат ишора мекунанд.
Ҳама динҳои осмонӣ барои башарият ахлоқи накӯро таълим медиҳанд.
Ислом охирон паёми Илоҳӣ ва ҷомеъи ҳамаи фазилатҳост.
Паёмбар(с) омада, то камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, башариятро ба сӯи камолоти ахлоқӣ ҳидоят намояд ва парокандагиҳои динҳои гузаштаро ҷамъоварӣ кунад.
Ахлоқи Паёмбар(с)
Паёмбари Худо (с) ҳамвора аз Парвардигор оҷизона талаб мекард, ки тоҷи адабро бар сараш бигузорад ва вуҷудашро бо ахлоқҳои накӯ зиннат бидиҳад. Чунин дуо мекард: “Парвардигоро! Ҳамонгуна, ки бароям симои зебо додаӣ, сириштамро ҳам зебо бигардон! Ҷое дигар мегуфт : “Парвардигоро! Ахлоқи зишт ва нописандро аз вуҷудам дур биандоз!” Ин дуъоҳо ва хостаҳои Ҳабибашро худованд иҷобат намуда, ӯро зери тарбияи Худ адабу ахлоқ омӯзонд. Паёмбар дар ин хусус мефармояд: “Парвардигорам маро адаб омӯхт ва чӣ хуб адаб омӯхт.” Худованд бо фиристодани Қуръон, ки манбаъи ахлоқи нек аст, Паёмбарашро тарбият намуд. Саъид ибни Ҳишом мегӯяд: Назди Оиша (р) омада, аз ахлоқи Паёмбар (с) пурсон шудам. Дар чавоб гуфт: “Оё Қуръон нахонда?” Гуфтам: Бале, мехонам. Фармуданд: “ Ахлоқи Пёмбари Худо (с) Қуръон буд.” Вақте Худованд ахлоқи Паёмбарро комил гардонид, ӯро чунин ситоиш кард: “ Ҳамоно ту дорои бузургтарин ахлоқ ҳастӣ!” (сураи Қалам, ояти 4)
Паёмбар ахлоқашро аз Қуръон баргирифт ва ёронашро бо он тарбият кард сипас мардумро ташвиқу тарғиб намуд, ки худро бо ахлоқи писандида ва некӯ зиннат бидиҳанд. Бинобар ин фармуд: “ Худованд маро ба Паёмбарӣ баргузид, то ки ахлоқи карима ва писандидаро комил намоям.”
Пас биёед мо пайравони Паёмбари раҳмат, ахлоқро дар рӯҳу равон ва зинадгии хеш ҷой бидиҳем ва пояҳои онро мустаҳкам намуда ба андозаи тавон онро рушд бидиҳем! Дар охир якҷоя ин дуъои Расули Худоро бихонем то Худованд марҳамате бар ҳоламон бикунад. “Парвардигоро! Маро ба беҳтарин ахлоқ ва рафтор ҳидоят намо! Зеро касе ҷуз Ту маро ба ахлоқи хуб ҳидоят намекунад! Ва ахлоқи бадро аз ман дур бисоз! Чун ҳеҷ кас ҷуз Ту ахлоқи бадро аз ман дур намегардонад!” (Ривояти Тирмизӣ)
Исломҷони Сайид
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

