Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет11 соли зиндон барои ним миллион доллар пора

11 соли зиндон барои ним миллион доллар пора

Масъули Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон Аскар Нурализода, ки чанд моҳ пеш ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 490 ҳазор доллар дастгир шуда буд, ба 11 соли зиндон мақкум шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ҳукми ин корманди пешини Вазорати иқтисодро, ки бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешуд, 10 январ содир кардааст. Парвандаи ӯ аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳқиқ шуда, ба ин додгоҳ ирсол шуда буд.

Аскар Нурализода, сардори Раёсати барномарезии сармоягузорӣ ва рушди маҳали вазорати иқтисод ин маблағи калони пораро барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашти давлатӣ гирифта буд. Ӯ дар асл аз як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 1 миллион доллар талаб карда ва ҳангоми гирифтани ними он дастгир шуд. Мусоидати Нурализода бояд ин мешуд, ки ба барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 бахши кӯмак ба мурғпарварӣ дар ин ноҳияро шомил мекард ва дар натиҷа ин “соҳибкор” 10 миллион доллар грант дарёфт мекард.

Дертар Агентии мубориза бо фасод иттило дод, ки дар натиҷаи кофтуков аз хонаи Нурализода 10 ҳазор доллари қаблан гирифтааш ҳам пайдо шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular