Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳаммадсаид Ризоӣ: Террорист сарони калидии кишвар ҳастанд

Муҳаммадсаид Ризоӣ: Террорист сарони калидии кишвар ҳастанд

Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви собиқадори ҲНИТ ва узви Раёсати олии ин ҳизб. Ӯ бинобар дар хориҷ аз кишвар қарор доштанаш ҳангоми манъи фаъолияти ҲНИТ дар сентябри соли 2015 аз ҳабсу зиндон шудан эмин монд. Дар хориҷ аз кишвар ҳам фаъолияти ҳизбияшро қатъ накард. Дар гирдиҳамоиву нишастҳо ҳам ҳамроҳ бо ҷавонон фаъолона ширкат мекунад. Аз фаъаолтарин аъзои Раёсати олии ҲНИТ дар шабакаҳаои иҷтимоӣ мебошад.

Паём пои сӯҳбати эшон рафт то назарашро дар бораи иттиҳомоти ахири Ҳукумат алайҳи ҲНИТ бигирад.

— Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро террорист эълон кардану аксарияти ҳамсафони шуморо равонаи зиндон кардани Ҳукумат чӣ таъсире дар Шумо дошт?

— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Пӯшида нест, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ватан бо раҳбарии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар даҳаи ҳафтоди асри 20, тавассути иддае аз ҷавонони бовардошта ба Худо, миллат ва ватан таъсис шудааст. Ҳадаф аз таъсиси он бедории ҳуввияти миллӣ, майҳандустӣ ва зинда гардонидани фарҳанг ва суннатҳои хуби аз байн бурдашудаи аҷдодӣ буд. ҲНИТ ин иддаъоро надошта, ки исломро болои мардум таҳмил ва ё ҳукумате бар хилофи раъй ва хостаи мардум ташкил кунад. Терроризм падидаест, ки ахиран бо намуди зишт зуҳур карда, ҷуз харобӣ ва вайронкорӣ ҳадафе надорад. ҲНИТ дар тӯли фаъолияти  беш аз 40 солаи худ бо ҳар шароите рӯбарӯ шудааст, аз ҳадафи олии худ: имон ба Худо, садоқат ба мардум ва хидмат ба Ватан даст набардоштааст. Сулҳ ва хотима додани ҷанги хонумонсӯз, ба ҳам овардани ду рақиби дар қасди ҷони якдигар ва эъҷоди ваҳдати миллӣ аз шоҳкориҳои Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Касе наметавонад саҳми Наҳзатро дар баргардонидани муҳоҷирон, хушк кардани оби чашми модарон ва хандаи тифлону хурсандии пирону ҷавонон ва пешрафту тарақиёти кишвар аз он бигирад.

Террорист эълон кардани Наҳзат ва зиндонӣ кардани бародарони аршади моро, ки фаъолони бевоситаи ин барномаҳои олӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои кишвару миллат буданд, зулми бесобиқа ва бароям сангин медонам. Ин ноадолатии таърихие аст, ки таъсири онро ба шахси ман на, балки барои миллату Тоҷикистони азизам нохушоянд мебошад.

 — Шумо иттиҳоми терроризмро, ки Ҳукумат ба Ҳизб ва ҳамсафони зиндониятон бастааст, қабул доред?

 — Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва бародарони мо, ки зиндонӣ шудаанд ба ҳеҷ ваҷҳ террорист набуданд ва терросит ном бурдани онҳо ҳам ғалат ва душманӣ ба озодӣ ва адолатпарварон аст. Дар нисбати Наҳзат дар боло ишора кардам, дар бораи бародарони зиндонии худ бошад, гуфтаниям, ки онҳо шахсиятҳои солими ҷомиъаи худ ҳастанд ва ҳар яки онҳо дар ҷои худ барои оила, хешу наздикон, ёру диёр ва ҳифзи фарҳангу маънавиёти мардум ва ободии кишвари худ бо меҳнати ҳалол, содиқона хидмат кардаанд. Онҳо сарбаланд ҳастанд, ифтихори миллат ва кишваранд. Ман аз садоқат ва фидокории онҳо меболам ва мефахрам.

 — Барои озодии онҳо чӣ иқдомеро анҷом додаед ва чӣ корҳоеро дар назар доред анҷом бидиҳед?

 — Ба ростӣ мо ба хотири он бародарҳо аст, ки инҷоем. Бисёр чизҳои дунёии худро, то ин дам аз даст додаем. Омодаем боз чизҳои қимматтар ва бе бозгаштҳоямонро ҳам бидиҳем, вале Наҳзат ва бародарони зиндонии худро аз тӯҳматҳои ноодилонае нисбаташон раво диданд, табриа созем ва аз маҳбас озод кунем. То имрӯз дар ҷойҳое қарор дорем, бо вуҷуд ва фаъолияти худ нишон додем, ки он чӣ ба мо ҳукумати худкома нисбат медиҳад, дурӯғ аст. Аз ин хотир мавриди қабул ва эҳтироми кишварҳои мизбон ҳастем. Ба худ лозим медонем дар чорчубаи қонунҳое ба мо иҷозат аст, фаъолият кунем. Ба мардуми худ бирасонем ва онҳоро қонеъ кунонем, ки ба мо тӯҳмат заданд, шуморо дурӯғ гуфтанд. Мо мардуми шарифи худро аз даст надодаем, боварии ба Худо ва эътимоди ба мардуми худ беҳтарин пуштибони мост, то ин иттиҳомҳоро бартараф ва бародарони бегуноҳи худро аз банди зиндон раҳо созем.

Дар байни мақомот, кормандони иҷроҷия, ҳуқуқдонон ва аҳли адабу нависандагон зиёд ҳастанд шахсиятҳе, ки аз ин раванд розӣ нестанд. Мо инро ба гӯши ҷомиъаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқии мудофиъи башарӣ мерасонем. Воҷиби худ медонем чеҳраи воқеъии ҷинояткоронеро, ки аз ҳисоби маҳбусин, оворагону муҳоҷирин ва дорогиҳои онҳо айшу нӯш доранд ба ҷойҳои дахлдор нишон бидиҳем. Бисёр чизҳои дигаре аст, ки онҳоро намегуӣ, балки мекунӣ ва натиҷаашро дигарон мебинанд.

 — Ховар дар як мақолаи ахири худаш навиштааст, ки ҲНИТ ҳамкори ДОИШ аст ва аъзоёнаш ба ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд. Оё робитае байни ҲНИТ ва ДОИШ ё кадом созмоне, ки террористӣ эътироф шудаанд, вуҷуд дошт ё дорад?

 — Ховар як ниҳоди хабарӣ ва иттилоъотии режими Тоҷикистон аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои рӯпушии ин ҷинояти таърихии худ, ки аз он се сол мегузарад, аз ҳеҷ чизе даст кашиданӣ нест. Тӯҳмат, дурӯғ ва куштану ба ҳабс гирифтан. Барои як норозӣ, ки ба кадом гурӯҳе пайвастааст тамоми бародарону пайвандонашро ба қатл мерасонаду аз байн мебарад. Ин дар як вақт таҳдид барои дигарон, аз ҷумла рӯзноманигору ҳуқуқдон ва мақомоти низомӣ, интизомӣ ва расонаву хабарнигорон аст. Ховар бо ин вуҷуд, ки мақоми худро ҳамчун ниҳоди ахборӣ ва иттилоъотӣ аз даст додааст, илоҷе ҷуз иҷрои фармоиши ҳукуматӣ надорад.

То вақте ҲНИТ расман фаъолият мекард, кадоме аз аъзоёни он ба гурӯҳҳои терористиву эстримистӣ напайвастааст. Пас аз он, ки бо қарори Суди Олӣ, ноодилона фаъолияти он боздошта шуд, манъи фаъолияти худро дар дохили кишвар эълон кард ва ҳама аъзоёни худро аз номи Ҳизб кор кардан боз дошт. Дигар мо аъзои ҳизб надорем, ки аз дастури Наҳзат сарпечӣ карда ба кадом гуруҳе бипайвандад. Ҳар кӣ аз шаҳрваандони Тоҷикистон ба кадом гурӯҳи террористие пайвастааст аз ҲНИТ нест. Инро ҳам инкор карда намешавад, ки баъди манъи фаъолияти Наҳзат ва идомаи маҳдудиятҳои динӣ ва ҳуқуқпоймолшавиҳои шаҳрвандон дар кишвар, пайвастан аз ҳисоби ҳамватанони мо ба гурӯҳи ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Омили асосӣ барои ин худи Ҳукумат аст на Наҳзат ва на худи шаҳрвандон.

Чӣ равобите метавонад байни ҲНИТ ва гурӯҳи ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ вуҷуд дошта бошад?! Ҳеҷ робитае вуҷуд надорад. Бар акс вақте ДОИШ ва он созмонҳоро пайваста маҳкум мекард, Наҳзат ва шахси раҳбари он аз тарафи ҳамин гурӯҳҳои ба ин созмонҳо пайвастаи тоҷикистонӣ борҳо таҳдид ҳам шуд.

 — Дар чанд рӯзи ахир сомонаҳои марбут ба Ҳукумати Тоҷикистон матолиби зиёдеро дар мавриди террористӣ муаррифӣ кардани ҲНИТ ба нашар мерасонанд. Чаро Ҳукумат ба ин сахтӣ мекушад ҲНИТ ро террористӣ муаррифӣ кунад?

 — Дуруст аст, ки фаъолияти ҲНИТ дар дохил бо тӯҳмати бардуруғ боздошта шуд, вале Ҳукумат ин интизорро надошт, ки ба иттиҳом манъ ва зиндонӣ кардани аъзоёни аршади он, бо Наҳзати қудратмандтаре, ки дар баробари зулму туғёни он истодагӣ мекунад, рӯбарӯ мешавад.

Наҳзат то ин муддат корҳои зиёдеро анҷом дод. Сабит кард, ки  Наҳзат ва аъзоёнаш аз тероризм ва даҳшатгароӣ поканд ва ин муҷарради иддиъоҳои дурӯғини тарафи Ҳукумат аст. Илова ба намояндагиҳое, ки дар кишварҳои мутаъаддид таъйин шуданд, барномаҳои кории худро дар шакли депортаментҳои ҳуқуқ, муҳоҷирин ва маҳбусин, расона танзим ва роҳандозӣ кард. Пайваста нишастҳои корӣ, вохурӣ ва конфронсу чорабиниҳои лозимро дар робита ба вазъи поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон, маҳбусин, таъқиб ва шиканҷаи пайвандони зиндониён ва гумонбаршавандагони берун аз Ватан ва масоили дигари доғи ҷоҳон, баргузор мекунад. Чеҳраи мақомотеро, ки бевосита муртакиби ҷиноёт шудаанд, шиносоӣ ва ба мардуми азизамон, ҳамин тӯр ба додгоҳҳои ҷиноии байналмилалӣ тақдим ва талаби дастгир ва муҷозоти онҳоро дорад.

Барои ҳамин Ҳукумат талош дорад, то бо ин роҳ иттиҳомҳои сохта ва бардурӯғи болои Наҳзат бор кардаашро ба ҳамватанони шарифамон ва дигарон биқабулонад.

 — Чаро аз ҷониби ҲНИТ ягон ҷавоби мушаххас ба ин иттиҳомот ба назар намерасад? Оё ин ба маънои таъйиди ин иттиҳомот пиндошта намешавад?

 — Дар асл ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, ки барои ҳар дурӯғу тӯҳмати Ҳукумат ҳатман ҷавобе баргардонад. Дигар ин, ки ин як нақшаи тарроҳишудааст, то мухолифинро дар ҳолати дифоъӣ нигоҳ доранд. Наҳзати Исломӣ ба қадри кофӣ аз мавқеъи худ ҳимоят ба амал оварда, назари мусбии мавриди таваҷҷӯҳро ба худ касб кардааст. Наҳзат думболи корҳои муҳимтаре аст. Бояд чеҳраи воқеъии Ҳукумат ва мақомоти алоҳидаи манҳусе, ки мардумро дар оворагӣ нигоҳ дошта, дороӣ ва арзишҳои миллатро дар ивази зиндагии хуши худ ва наздиконашон ба савдо гузоштаанд, бармало шавад. Маълумоти дақиқ ва потенсиали корӣ дар ин маврид вуҷуд дорад.

ҲНИТ инро муҳимтар меҳисобад, на иҷрои нақшаи Ҳукуматро. Ҳукумати Тоҷикистон инро хуб медонад ва инро ҳам медонад, ки Наҳзати Исломӣ аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ бармеояд. Барои ҳамин обро лой карда, мехоҳад бо гул задани мардум аз ҳисоби миллат моҳии тиллоӣ бигирад.

— Дигар аъзои РО ҲНИТ чаро хомӯшанд? Оё онҳо ҳам дар барномаҳои ҲНИТ шарик ҳастанд? Барои озодии ҳамсафоншон фикр ё коре мекунанд? Бо кадом роҳ?

 — Манзур аз хомӯш будани дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ, дар васоити ахбори омма аст, ин имкон надорад ва лозим ҳам нест ҳар аъзои РО-и Ҳизб ҳатмӣ дар расона сару садо баланд кунад. Ҳар яке аз аъзои РО масъулияти худро дорад ва паи адои масъулияти худ аст. Ҷаласаҳои Раёсат бо иштироки аксарияти кул баргузор мешавад. Изҳорот ва баёноти Ҳизб бо ҳузур ва раъйгирии аъзо қабул карда мешавад ва вобаста ба мавзӯъ аз номи раёсат ё Шӯрои иҷроия нашр мешавад.

Дар сурати лозим, мисли тазоҳурот ва ё конфронсҳои калонтар бо риояи зарфияти маконӣ ва дигар шароит, метавонанд аъзои РО ва шахсиятҳои муҳими миллӣ ва мутахассисони ватанӣ ҷисман иштирок мекунанд. Ҳоло зарурати он нарасида, ки аз ҳама аъзои РО талаб шавад, то дар расона ва ё чорабине таҷаммуъи куллӣ дошта бошанд.

Албатта, ки дар бораи бародарону ҳамсафон фикр дорем, бо барнома ва услуби хосси худ, дар вақт ва шароити муносиб хабар медиҳем.

 — Дар чанд ҷумла дар бораи ҲНИТ ва терроризм чӣ гуфта метавонед?

Дар нисбати таърифи терроризм ҷомиъаи ҷаҳонӣ ҳар чизеро қабул карда бошад, он ба таърифе, ки Тоҷикистон аз он сухан мекунад фарқ дорад. Бар асоси нишондоди СММ сарони калидии кишвари мо террорист мебошанд. Собиқ саркардагони Фронти халқӣ, ки муқобили ҳукумати қонунӣ бархоста мардумро ба хоку хун кашиданд, қудратро дар даст доранд. То ба ҳол ба ҷиноёти худ идома дода, аз хавфи ҷавоб додан дар назди мардум дар ҳар чанд сол қонунро ба фоидаи худ иваз мекунанд. Моликияти мардумро бо зурӣ аз худ мекунанд, таҳдид, ба муҳлати тулонӣ зиндонӣ ва лозим шавад ба қатл мерасонанд ва аз касе ибо надоранд. Ҳеҷ кас ҳаққи даъво ва шикоят аз болои хукми болояш омадаро надорад. Даъво кунад бидуни истисно, ки он шахс диндор аст ё ғайри диндор, руҳонӣ аст ё тоҷир, аҳли адаб ё ҳуқшинос ба наҳзатӣ, таблиғӣ ва ё салафиву дигар гуруҳҳои сиёсӣ муттаҳам шуда ба душмании миллат айбдор мешавад. Пас ин терроризм ва инҳо террорист набошанд, чӣ ва кӣ ҳастанд?..

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз замони таъсис ва дар тӯли фаъолият, ҳиҷрат ва талошу гузаштҳояш барои сулҳу оромӣ ва осудагии мардум, кишвар ва минтақа нишон дод, ки ҳизби дорои характери динӣ муқобили ҳама гуна хушунат ва терроризму даҳшатгароӣ мебошад. Дар ҳама шароит сабру шикебоиро пеша карда, аз хушунат дур ва ҳама навъи онро маҳкум кардааст. ҲНИТ дар ҳеҷ вақту шароит ба терроризм рост намеояд, зеро терроризм бар холифи ормони он аст. Наҳзати Исломӣ ҷонибдори саъодату ободӣ ва рушди кишварҳо ва мардуми ҷаҳон аст.  Ва худи он борҳо бо такрор ба хотири ин мавқеаш аз терроризм ранҷу азият дидааст, махсусан аз терроризми дунявӣ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular