Пешгуфтор
Таърихи набавӣ, ки бар соҳибаш дуруду саломи бисёр бод — дар ҳақиқат, иборат аз рисолатест, ки расули худо бо қавлу феъл, гуфтору кирдор, рафтор, раҳнамудҳо ва амалкардҳои хеш, дар иртибот бо ҷомеъаи башарӣ адо кард. Бо адои ин рисолат, меъёрҳои зиндагиро дигаргун сохт, некиро ба ҷойи бадӣ нишонид, дар партави анвори ин рисолати роҳнамоӣ ба сӯи хушбахтӣ, мардумонро аз торикиҳо б а сӯи рӯшаноӣ раҳнамо шуда, мардумро аз бардагии бандагон ба бандагии Худои якто расонид.
Усули зиндагии мардумро навсозӣ кард ва ба роҳи наве пур аз саодати инсонӣ роҳбалад шуд.
Аз ин рӯ, симои чашмгиру дилангези ин рисолат, танҳо дар сурате қобили пайгирӣ хоҳад буд, ки муҳити иҷтимоии пеш аз рисолати Паёмбари гиромиро бо нахустин муҳитҳо ва ҷомеъаҳои исломӣ, ки дастоварди ин рисолати осмонӣ аст, муқоиса кунем. Бадеҳист, чунин нигариш боис мешавад, ки ҳарчанд бо эҷози фаровон, тайи чанд фаслу чанд унвон, ба қавмҳои араб, таърихи пурнишебу фарозе, ки пеш аз ислом бар онҳо гузаштааст, бипардозем, ҳукуматҳо, аморатҳо ва низомҳои қабилагиро, ки дар он замон барқарор будаанд, боз шиносем ва ба тасвирҳои равшане аз дину одатҳо, одоб, расму оин, авзоъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисоди қавми араб дар даврони ҷоҳилияти пеш аз ислом даст ёбем.
Ба ҳамин манзур, барои расидан ба ин дастовардҳо мо таърихи пурсаодати расули гиромиро вобаста ба дигаргуниҳо дар ҳукуматҳо, навгониҳои замон ва ғайра, ба фаслҳои махсус ҷудо намуда, ба таври силсилавӣ пешкаши Шумо хонандагони арҷманд мегардонем.
Фасли якум: Ҷуғрофияи Арабистон ва таърихи қавми араб
Арабистон
Маънои калимаи «араб» саҳроҳо ва биёбонҳои беобу алаф аст, сарзамини шӯразор ва санглохе, ки на обе дар он ёфт мешавад, на гиёҳе. Аз ин рӯ, аз қадимлуайём ин сарзаминро “Ҷазират-ул-араб” мегӯянд ва қавмеро, ки дар он сарзамин сукунат гузидаанд, он биёбонҳо ва саҳроҳоро ватани хеш қарор додаанд, «араб» ном мебаранд.
Ҳудуди ҷуғрофии Арабистон аз ғарб ба дарёи сурх ва шибҳи ҷазираи Сино, аз шарқ ба Халиҷи Форс ва қисмате аз ҷануби Ироқ, аз ҷануб ба дарёи Араб, ки давмодиҳандаи дарёи Ҳинд аст, ва аз шимол ба сарзамини шом ва қисмате аз сарзамини Ироқ, албатта бо дар назар гирифтани ихтилофоте, ки дар бораи ин ҳудуд ва марзҳо вуҷуд дорад мебошад. Масоҳати Арабистонро аз як миллиони мураббаъ то сесад ҳазор мураббаъ гуфта ва навиштаанд.
Ҷазираи араб, аз ҳайси мавқеияти табиӣ ва ҷуғрофӣ аз аҳамияти хосае бархурдор аст ва аз ҳар сӯе дар муҳосираи саҳроҳо ва биёбонҳост. Ин биёбонҳо ва саҳроҳои бе обу алафи мушкилгузар монанди дижи бузурге барои амнияти мардумаш хидмат мекарданд ва бегонагон тавони ишғолу фатҳ ва нуфуз пайдо кардан дар онро надоштанд. Аз ин рӯ, мебинем, ки сокинони Ҷазираи араб бо он ки дар ҳамсоягии ду империяи бузург зиндагӣ мекард, аз давронҳои бисёр дерина, дар ҳамаи умур озод будаанд, Ҳол он ки агар ин садди биёбонӣ набуд, ҳаргиз наметавонистанд ба ҳуҷум ва ҳамлаҳои пайваста ва дамодами онҳо истодагарӣ кунанд ва мустақилияти худро ҳифз намоянд.
Арабистон дар миёнаи қораҳои маъруф дар ҷаҳони қадим воқеъ шуда, аз роҳ хушкиву баҳрӣ ба ҳамаи онҳо дастрасӣ дорад. Ноҳияи шимолу ғарбии он дарвозаи вуруд ба қораи Африқо буда, ноҳияи шимолу шарқӣ даромадгоҳи қорраи Аврупо мебошад. Ноҳияи шарқӣ бошад, Арабистонро ба Эрон ва дигар минтақаҳои аҷам роҳ медиҳад ва аз онҷо ба Осиёи Миёна ва ҷануби Осиё ва Ховари дур мепайвандад. Ҳамчунин ҳар як аз ин қораҳо аз роҳи баҳрӣ низ ба Ҷазираи араб дастрасӣ доранд. Киштиҳои кӯчаку бузург мустақиман дар бандарҳои нимҷазираи Арабистон лангар меандозанд. Бино ба ҳамин мавқеияти ҷуғрофӣ, шимолу ҷануби нимҷазира маҳалли таҷаммӯъи ҳамаи миллатҳо ва маркази муносибатҳои бозаргонӣ, фарҳангӣ, динӣ, ҳунарӣ ва ғайра гардидааст.
Қавмҳои араб
Таърихшиносон қавму қабилаҳои арабро, бино бар силсилаи қавмие, ки ба онҳо нисбат дорад, ба се даста тақсим кардаанд:
1 — Қабилаи арабҳои гумшуда: Арабҳои деринаанд, ки ба куллӣ аз байн рафтаанд ва маълумоти кофие перомуни таърихи онҳо вуҷуд надорад. Монанди қавми Од, Самуд, Тасим, Ҷадис, Имлоқ, Умайм, Ҷурҳум, Ҳазур, Вабор, Абил, Ҷосим, Ҳазармавт ва дигарон.
2 — Ориба: Арабҳое ҳастанд, ки аз сулолаи Яшҷуб ибни Яъруб ибни Қаҳтон мебошанд ва онҳо «арабҳои қаҳтонӣ» низ номида мешаванд.
3 — Қавми арабшуда : Арабҳое ҳастанд, ки аз сулолаи Исмоил (дуруд бар ӯ) мебошанд ва «арабҳои аднонӣ» низ номида мешаванд.
Қавми Ориба
«Араби ориба» ҳамон арабҳои қаҳтонианд. Сарзамини онҳо Яман аст. Қабилаҳои онҳо ба таври густурда, пароканда шудаанд. Ин қабила аз фарзандони Сабаъ ибни Яшҷуб ибни Юъраб ибни Қаҳтон мебошанд. Дар миёни онҳо ду қабилаи Ҳумайр ибни Сабаъ ва Каҳлон ибни Сабаъ шӯҳрати бештаре доранд. Қабилаҳои дигари қавми Сабаъ, ки ёздаҳ ё чаҳордаҳ тоифаанд, ба худ унвонҳои хосе надоранд ва ба онон дар умум Сабаъиюн (сабоиён) гуфта мешавад:
- Машҳуртарин қавму қабилаи Ҳумайр аз инҳо иборатанд:
а) Қузоъа. Ба ин қабила қавмҳои Баҳроъ, Биллӣ, Қаин, Калб, Узраа, Вабраа шомил мебошанд.
б) Сакосик, фарзандони Зайд ибни Воила ибни Ҳумайр. Бино ба маълумотҳои таърихӣ лақаби Зайд «сакосик» будааст. Инҳо ғайр аз тоифаи сакосик кٍандаанд, ки дар қабилаи бани Каҳлон баршумурда хоҳанд шуд.
в) Зайд ал-ҷумҳур: Қабилаҳои Ҳимираи асғар, Сабаъи асғар, Ҳазур, Зуасбаҳ мебошанд.
- Машҳуртарини қабилаи Каҳлон иборатанд аз Ҳамдон, Алҳон, Ашъар, Тиъ, Мазҳаҷ (қавмҳои Анс ва Нахъ), Лахм (қавмҳои Кинда, ки аз бани Муовия, Сакун, Сакосик), Ҷузом, Омила, Хайлон, Маъофир, Анмор (қавмҳои Хасъам, Баҷлия, Баҷила шомили аҳмас), Азд (шомили Авс, Хазраҷ, Хазоъа, фарзандони Ҷафна, подшоҳони маъруфи шом: оли Ғассон).
Бани Каҳлон аз Яман муҳоҷират карданд ва дар ноҳияҳои мухталифи Арабистон пароканда шуданд. Гуфта мешавад, ҳиҷрати умдаи онҳо андаке пеш аз селе, ки дар Қуръон бо номи Сели Арим (سَيْلَ الْعَرِمِ), ё худ сели харобкор омадааст, будааст, ки бозаргони онҳо таҳти фишори рӯмиён ва бар асари тасаллут ёфтани онҳо бар роҳҳои бозаргонии дарёӣ ва аз миён бурдани роҳи тиҷорати хушкӣ бо ишғоли сарзаминҳои Мисру Шом варшикаставу муфлис гардид. Бархе низ мегӯянд, ки пас аз сели Арим, ки зироъату зистгоҳҳо барбод рафт, пеш аз он низ дучори шикасти бозаргонӣ шуда буданд. Ниҳоят ба сабаби он ки тамоми асбоб ва василаҳои зиндагиро аз даст дода буданд, муҳоҷират карданд. Қуръони карим ин гуфтаҳоро дар сураи Сабаъ чунин меоварад:
“Мардуми Саборо дар масканҳояшон ибрате буд: ду бӯстон доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре бахшоянда!
Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду бӯстонашонро ба ду бӯстон бадал кардем бо мевае талх ва шӯрагаз ва андаке сидр (номи дарахт).
Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем, Оё Мо ғайри носипосонро ҷазо мекунем?
Миёни онон ва қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, деҳаҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар мӯъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!»
Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам, дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони шукргузор!” (Қуръони карим, сураи Сабаъ, оятҳои 15-19)
Ишораҳое дар китобҳои таърихӣ ба рақобат ва даргириҳо байни қабилаи Каҳлон ва Ҳумайр ҳам вуҷуд дорад. Ин даргириҳо мунҷар ба муҳоҷират ва оворагии қабилаи Каҳлон шудааст, ки минбаъд дар заминҳое, ки қабилаи Каҳлон сукунат доштанд, қабилаи Ҳумайр тобеъи худ мегардонад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

