Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКитобҳои пешниҳодии Бил Гейтс ва Марк Тсукерберг барои хондан

Китобҳои пешниҳодии Бил Гейтс ва Марк Тсукерберг барои хондан

Китобе, ки ҳардуи ин чеҳраҳо дар бораи он сухан гуфта ва мутолиаи онро ба ҳама тавсия кардаанд, «Зовияҳои беҳтари табиати мо: чаро хушунат рӯ ба коҳиш аст?» ном дорад, ки тавассути Стивен Пинкер устоди равоншиносии донишгоҳи «Ҳорвард» навишта шудааст.

Бел Гейтс,  бунёдгузори ширкати Майкрософт ва Марк Тсукерберг бунёдгузори шабака иҷтимоии Фейсбук , ки дар форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давоси Сумс (Швейтсария) ширкат карда буданд, феҳристе аз 14 китоберо, ки дар соли 2017 хонда ва ба назарашон ҳама бояд бихонанд, мунташир карданд.

Ин гирдиҳамоӣ, ки аз сол 1971 ба сурати солона баргузор мешавад, раҳбарони тиҷорӣ ва чеҳраҳои муваффақи иқтисоди ҷаҳонро даври ҳам ҷамъ мекунад. Ду нафар аз ҳамроҳони ҳамешагии ин рӯйдод, Гейтс дувумин ва Тсукерберг чаҳорумин фарди сарватманди ҷаҳон ҳастанд, ки илова бар дурахшиш дар ҳавзаи фановарӣ ва иқтисод, китобхонҳои ашадӣ  ҳам маҳсуб мешаванд ва солона листи китобҳои пешниҳодии худро ироа медиҳанд. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар ин лист, теъдоди бисёр поини китобҳои навишташуда тавассути нависандагони зан аст.

Алиф Шафак  нависандаи машҳури турк ва нависандаи  романи «Миллати ишқ», дар бораи пешниҳодҳои ин ду чеҳраи саршиноси ҷаҳонӣ мегӯяд: “ин ду бо феҳристи китобхонии худ, паёми бисёр мусбат ва созандае мунташир карданд”.

Аммо  Шафак дар идома аз ҳузур надоштани номи нависандагони зан дар ин лист ибрози нигаронӣ карда ва меофзояд: нигаронии ман ин аст, ки чаро дар ин лист, ки аз ҷиҳоти дигар ба зебоӣ танаввӯъро риоят карда, нависандагони зан вуҷуд надоранд? Самимона умедворам, онҳо дар соли ҷадид бештар осори нависандагони занро бихонанд.

Китоби муштараке, ки ҳар дуи ин чеҳраҳо дар бораи он сухан гуфта ва мутолиаи онро ба ҳама тавсия кардаанд, «Зовияҳои беҳтари табиати мо: чаро хушунат рӯ ба коҳиш аст?» ном дорад, ки тавассути Стивен Пинкер устоди равоншиносии донишгоҳи Ҳорвард навишта шудааст.

Мавзӯъи ҷолиби ин китоб, дар бораи коҳиш пайдо кардани хушунат дар ҷаҳон аст ва ба ҳамин хотир ба феҳристи пурфурӯштринҳои сойти «Амазон» роҳ пайдо кардааст. Гейтс дар твитери худ ин китобро ингуна тавсиф кардааст: «илҳомбахштарин китобе, ки то кунун хондаам».

Ӯ дар ин бора гуфтааст: “Пинкер нишон медиҳад, ки ҷаҳон чӣ тавр рӯ ба беҳтар шудан пеш меравад. Ба назар аҳмақона меояд аммо ҳақиқат дорад. Алъон сулҳомезтарин даврони таърихи башар аст. Ин муҳим аст, чун вақте шумо фикр мекунед дунё рӯ ба беҳбудӣ аст, мехоҳед ин пешрафтро ба инсонҳо ва маконҳои бештаре густариш диҳед. Ин ба ин маъно нест, ки шумо масоили муҳимро нодида мегиред, балки ин аст, ки шумо бовар доред инҳо қобили ҳал ҳастанд”.

Марди шумораи яки Фейсбук ҳам ин китобро дар бошгоҳи китобхонии худ муаррифӣ кард ва мӯҷиби садрнишинии он дар феҳристи пурфурӯштарин китобҳо шуд. Тсукерберг дар бораи ин асар гуфтааст: “ин китобе аст ба мавқеъ, дар бораи ин ки чаро ва чӣ тавр хушунат ба таври мудом рӯ ба коҳиш меравад ва мо чӣ гуна метавонем ин равандро идома диҳем”.

Феҳристи китобҳои мунтахаби Марк Тсукерберг ва Бел Гейтс ба шарҳи зер аст:

  1. «Кампанияи халлоқият» навиштаи Ад Кетмул
  2. «Жен: таърихи дақиқ» навиштаи Сидорҳо Махараҷи
  3. «Зовияҳои беҳтари табиати мо» навиштаи Стивен Пинкер
  4. «Раҳбари як рӯзаи дору дастаи хилофкорҳо» навиштаи  Судҳир Венкатеш
  5. «Инсони доно: таърихи мухтасари башарият» навиштаи Ювал Ҳарорӣ
  6. «Кафшбоз» навиштаи Филип Ҳампсон
  7. «Сохтори инқилоби илмӣ» навиштаи Томас Кон
  8. «Теорияи ресмон» навиштаи Дэвид Фостер
  9. «Иллати шикасти миллатҳо» навиштаи Дорун Кампел ва Ҷимз Робинсон
  10. «Масъалаи сеҷисмӣ» навиштаи Сикушин Лев
  11. «Назми ҷаҳонӣ» навиштаи «Ҳенри Кисинҷер»
  12. «Оини ақлонӣ» навиштаи Майкл Сук Юнг Чиу

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular