Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРавшани Ёрмуҳаммад даргузашт

Равшани Ёрмуҳаммад даргузашт

Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда ва публисисти тоҷик чанд соат пеш дунёро падрӯд гуфт. Ӯ 75 сол дошт.

Равшани Ёрмуҳаммад падари Бузаргмеҳр Ёров, вакили маъурфи дифоъ аст, ки бо айбҳои сохташуда ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ду фарзанди дигари Равшани Ёрмуҳаммад — Ҷамшед ва Хосият аз таъқиби ҳукумат ба Аврупо паноҳ бурдаанд.

27 январи соли 1942 дар деҳаи Ғармови деҳшӯрои Ғашёни ноҳияи Обигарм таваллуд ёфтааст. Моҳи майи соли 1947 хонадонашон ба ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида, дар ҳамин ҷой мактаби миёнаи ба номи Максим Горкийро (1959) хатм кардааст. Солҳои 1959-1964 таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома додааст. Солҳои 1975-1977, 1982-1986 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, тарҷумонии котиби дувуми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро баҷой овардааст. Баъдан дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Ҳақиқати Колхозобод», Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор кардааст. Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Дар айни замон мушовири бахши робитаҳои байналхалқии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон, сармуҳаррири нашрияи «Афсона» мебошад. То кунун ӯ тавонистааст чиҳил асари худро, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир кунад. Аз ҷумлаи романҳои ӯ бо номҳои «Ишқи Рӯдакӣ», «Бармакиён» ва «Хоҷа Низомулмулк» дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Соли 1993 барои қиссаи «Гӯрков» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мешавад. Чанд соле ҳам муовинати раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дошта, ҳоли мудири нашриёти хусусии «Афсона» ва сардабири нашрияи соҳавии «Роҳнамои зиндагӣ» мебошад.

Нахустин ҳикояҳояш аз ибтидои солҳои шастум дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Шоҳбузи сафед» (1990), «Чашма» (1995), «Родничок» (1995), «Зулмот ё худ саргузашти аҷоибу ғароиби Қаламак» (1998), «Қиссаи шаҳри беҷон ё худ саргузашти духтари бофанда» (1998), «Гӯрков» (2000), қиссаҳои «Буду набуд» (2000), «Асҳоби Каҳф ва Рӯҳ» (2002), «Достони Қорун. Данонир» (2003), «Дардҳо ва ашкҳо» (2003), «Одамони кайҳонӣ» (2003), «Санги арӯс» (2005), романи «Бармакиён», қиссаҳои «Тӯфони Нӯҳ», «Хоб ва бедорӣ» (2007), «Ишқи Рӯдакӣ» (2008), «Қалби пурасрори ҳазораҷот» (2009), «Гурбача рӯ мешӯяд» (2009), «Ашкҳои ночакида» (2011), «Як ароба гулу хор» (2013) ва ғ. мебошад. Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дувум ва савум гардидаанд. Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои «Тазкират-ул-авлиё», рисолаҳои «Усули навиштани иншо», «Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан» ҳиссагузорӣ кардааст. Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаҳои нависандагони рус А.Алексин «Евдокияи ҷинӣ», «Фарзанди сари пирӣ», «Иҷрокунандагон ва иштироккунандагон», «Савум дар қатори панҷум», С.Сахарнов «Духтарак ва делфин» ва ҳикояҳои сершумори адибони хориҷӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 2001 барои китоби «Гӯрков» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Ҳайати эҷодии Паём ба хонаводаи нависанда ҳамдардии амиқ баён намуда, ба ӯ аз ларгоҳи Худованд раҳмату мағфират ва биҳишти ҷовидон металабад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular