Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРавуо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо барои як моҳ бидуни раводид хоҳад шуд

Равуо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо барои як моҳ бидуни раводид хоҳад шуд

Зимни сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба Душанбе, дар назар аст 27 созишномаи дуҷониба, ба имзо расад.

Аз ҳама муҳиммаш равуои шаҳрвандони ду кишвар бидуни раводид дар муддати як моҳ мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин шартномаеро дар бораи муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳадҳо ба имзо хоҳанд расонид, ки дар натиҷа талошҳо ва аз манастгӯиҳои минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар аз байн хоҳад рафт.

Ҳамчунин тибқи як созишномаи дигар ҷониби Ӯзбекистон барои  дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон, ба миқдори 100 миллион доллари амрикоӣ хоҳад дод.

Интизор меравад, як қатор созишномаҳои дигар дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, маблағгузорӣ барои сохтмони мактаб ва беморхона дар минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ба имзо хоҳанд расид.

Имрӯз дар Душанбе бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар кушодашавии намоишгоҳи молу колоҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар натиҷаи Анҷуман ва намоиши маҳсулоти саноатӣ, чуноне, ки интизор меравад, ба миқдори 140млн доллари амрикоӣ созишномаи иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид.

Як манбаъ ба хабаргузории аз ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки миқдори маблағгузорӣ шояд зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев зиёдтар шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular