Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИсроил  фаластиниҳои Байтулмуқаддасро «қонунӣ»бадарға мекунад

Исроил  фаластиниҳои Байтулмуқаддасро «қонунӣ»бадарға мекунад

Парлумони кишвари Исроил як қонуни нажодпарастона ба тасвиб расонид. Тибқи ин қонун ҳар фаластиние, ки дар шаҳри Байтулмуқаддас зиндагӣ мекунад, агар тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ӯ вайрон шавад, вазири корҳои дохилии ин кишвар ҳақ дорад, ки бо ҷурми нақзи вафодорӣ муҷаввизи иқомаи ӯро беэътибор карда, аз Исроил ихроҷ намояд.

Ин қонун, ки рӯзи чаҳоршанбе, 7 март ба тасвиб расидааст, гуфта мешавад, нисбати фаластиниҳое, ки бо маълумотҳои нодуруст иҷозаи иқомат дар Байтулмуқаддасро соҳиб шудаанд, касоне, ки дар ин шаҳр ҷиноят содир мекунанд ва ё аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ шахсони хавфнок дониста мешаванд, амалӣ хоҳад шуд.

Тибқи ин қонун Аре Дерӣ, вазири корҳои дохилии Исроил, роҳбари ҳизби сиёсии “Шас” ҳақдор шуд, ки ба ҳар фаластиние дар Байтулмуқаддас шубҳа кунад, метавонад аз Исроил ихроҷаш намояд.

Хонум Ҳаннон Ашрафӣ, узви Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) ҳини сӯҳбаташ бо хабаргузории Vafa,  ин қонунро “қонуни нажодпарастонаи сангин” унвон кард.

Ҳаннон Ашрафӣ

“Ҳеҷ ҷинояти сангин сабаб шуда наметавонад, ки як нафар аз зодгоҳу ватани худ ва диёри аҷдодияш бадарға шавад. Ҳол он, ки тибқи нишондоди ин қонун ҳатто вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ё зери шубҳа қарор гирифтани шахс метавонад сабаб шавад, ки як фаластинӣ аз Байтулмуқаддас ихроҷ шавад. Ин иқдоми ҳукумати Исроили ишғолгар ба талаботҳои қонунҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад ва ин қонуни ба тасвибрасида, мухолифи ҳуқуқҳои инсон мебошад”.- Таъкид намудааст Ҳаннон Ашрафӣ.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол тибқи талаботи қонуни Исроил, Байтулмуқаддаси шарқӣ қисми ҷудонашавандаи ин шаҳр маҳсуб меёбад ва ҳар фаластиние, ки инҷо таваллуд мешавад ва ё зиндагӣ мекунад, ба ӯ шаҳрвандии Исроил дода намешавад. Танҳо яҳудиён метавонанд шаҳрванди қонунӣ бошанд.

Барои фаластиниҳо дар шаҳр танҳо як маълумотномаи тасдиқкунандаи шахсият бо ҳуқуқи истиқомати доимӣ дода мешавад. Бар замми ин шиносномаи кишвари Урдунро фаластиниён танҳо барои рафтуомад ба хориҷ гирифта метавонанд. Дар асл бошад, фаластиние, ки дар шаҳри Байтулмуқаддас зиндагӣ мекунад, шахси бешаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, на шаҳрванди Исроил аст, на шаҳрванди Урдун ва на Фаластин. Ҳуқуқи як фаластинӣ дар сарзамини худаш камтар аз як муҳоҷир мебошад.

Ҳар фаластиние, ки зиёда аз муддати муайян дар хориҷ ба сар мебарад ва ё чанд муддат дар Байтулмуқаддаси ғарбӣ зиндагӣ мекунад, ӯро аз даст додани  муҷаввизи иқома, таҳдид мекунад.

Бино ба маълумотҳо аз соли 1967 то ба имрӯз Исроил муҷаввизи иқомаи доимии зиёда аз 14000 фаластиниро бекор намудааст.

Аре Дерӣ, вазири корҳои дохилии Исроили ишғолгар дар саҳифаи Твиттерии худ навиштааст, ин қонун ба ӯ ҳақ медиҳад, ки амнияти шаҳрвандони Исроилро таъмин намояд.

Аре Дери

“Ин қонун имконият медиҳад, ки зидди сокинони дорои муҷаввизи иқомаи бешаҳрвандӣ, ки мехоҳанд ба шаҳрвандони Исроил ҳуҷум кунанд, муборизаи беамонро ба роҳ монем” — гуфтааст Дерӣ.

Ёдовар мешавем, ки Аре Дерӣ шахсест, ки бо ҷурми фасодкорӣ, қаллобӣ ва “нақзи эътимод” яъне хиёнаткорӣ суд шудааст.

Созмони фаластинии дифоъи ҳуқуқи инсон дар Исроил “Адолат”, ин қонунро ғайри легитимӣ хонда гуфтааст, талаботи қонуни ба тасвибрасида, мухолиф ба қонунҳои башардӯстона мебошад.

“Байтулмуқаддаси шарқӣ тибқи қонуни байналмилалӣ  мисли заминҳои Каронаи ғарбӣ ва атрофи Ғазза, минтақаи ишғолгардида, аз ҷониби Исроил маҳсуб меёбад. Ҳаргуна иқдоми истирдод ва ё берун кардани фаластинӣ аз Байтулмуқаддас амали фашистӣ ва нажодпарастона мебошад” — гуфта шудааст дар изҳороти Созмони ҳуқуқии “Адолат”

Созмони байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар гузориши худ гуфтааст, чунин баррасиҳо дар бораи иқома, ки фаластиниро маҷбур ба тарки Байтулмуқаддас мекунад, тибқи муоҳадаи додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ «метавонад сабаби ташкили ҷиноятҳои низомӣ» гардад.

Бояд гуфт, ки амлигардонии иқдомҳои нажодпарастона, аз замоне авҷ гирифт, ки Доналд Трамп, президенти Амрико эълом кард, ки сафоратхонааш дар Исроилро аз шаҳри Тел-Авив ба шаҳри Байтулмуқаддас мекучонад ва шаҳри Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил хоҳад шинохт. Инчунин, Трамп аз кишварҳои дигар хост, ки баробари Амрико Байтулмуқаддасро пойтахти Исроили ишғолгар бишиносанд.

То ба ҳол ягон кишвари дунё ба ҷуз Амрико ва Русия, шаҳри Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил қабул накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular