Аҳмади Дониш яке аз мутафаккирон, шоир, равшанфикр ва ҳунарманди барҷастаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Бидуни шак, метавон Аҳмади Донишро аз бунёнгузорони барҳаққи наҳзати маорифпарӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Бухорои Шариф номид. Ӯ дар улуми риёзиёт, ситорашиносӣ, табиатшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва таърих маълумоти комил дошт. Аҳмади Дониш пайваста кӯшиш ба харҷ медод, то дар заминаи низоми ҳукмрон амирони Бухороро ба ислоҳоти ҷиддӣ, таълими улуми муосир, забономӯзӣ, хадамоти тиббӣ ва ташкили вазоратхонаҳо қонеъ кунонад. Ӯ ҳамеша хостори он буд, то сарзамини миллати хеш, Бухорои Шарифро камтар аз Русия ва Урупо набинад, аз ин лиҳоз, ҳамеша дар бедорӣ ва рушди миллату кишвари хеш талошҳои хастанопазире аз худ нишон медод.
Таваллуд ва насаб
Аҳмад Махдум ибни Носир соли 1827 мелодӣ дар шаҳри Бухоро дар оилаи Мир Носир Аҳмад замони ҳукмронии Амир Насруллоҳ (1826 — 1860)., яке Аз амирони сулолаи Манғития Ба дунё омадааст Падари Аҳмади Дониш зодаи тумани Шофирком Буда, дар айёми ҷавонӣ барои таҳсили илм ба шаҳри Бухорои Шариф омадааст. Ӯ дар Бухоро мадрасаро хатм намуда, ҳамон ҷо оила барпо мекунад. Дониш тахаллуси адабии Аҳмад ба шумор рафта, инчунин ӯро бо сабаби бузург будани каллааш Аҳмади Калла низ мегуфтанд. Лозим ба ёдоварист, Аҳамади Дониш дар оилаи Мир Носир Аҳмад ягона фарзанд буд, зеро фарзандони дигари ин хонадон пеш аз Аҳмад ва баъд аз ӯ фавтида буданд.
Таълимоти ибтидоӣ ва рушди илмӣ
Аҳмади Дониш таълимоти ибтидоии худро Аз модараш, ки зани боиффат ва бархурдор аз улуми динӣ буда, инчунин дорои мактаби хусусӣ, ки машғул ба таълим ва тарбияи кӯдакон ва навросон буд, омӯхтааст. Муҳити солими илмии хонаводаи Аҳмад дар рушд ва пешрафти илмии ӯ заминаи хубе фароҳам оварда буд.
Вай ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ, ки ҳамагӣ ҳафт-ҳашт сол дошт, ба шеъру шоирӣ шавқу рағбати беандоза пайдо карда, шеърҳои шогирдона низ менавишт. Тавре худи ӯ дар хотираҳояш зикр кардааст, ба рассомӣ ва лавҳакашӣ низ ҳаваси калон дошта, дар деворҳои ҳавлиашон, рӯйи тахтаву лавҳҳо ҳар гуна расм мекашидааст.
Бо вуҷуди ин ҳама азбаски Аҳмади Дониш ҳавсалаи зиёде ҷиҳати таҳсили илм дошт, мустақилона ба омӯхтани забони арабӣ шуруъ намуда, ин забони муҳиму илмии даврро ба пуррагӣ аз худ намуд. Аҳмади Дониш дар хушнависӣ низ маҳорати зиёд дошта, бештари умри худро дар ин ҳунар сарф мекард. Ӯ осори зиёдеро дар заминаи меъморӣ, пизишкӣ, мусиқӣ ва адабиёт ба намоиш мегузошт ва нусхаҳои қадимиро рӯнависӣ низ менамуд.
Тахминан солҳои 1837-1838-и милодӣ падараш Аҳмади Донишро ба мадрасаи Қориҳо, ки ба ҳифзи Қуръони карим машғул буданд, месупорад, то Қуръони каримро ҳифз намояд. Соли 1842-1843-и милодӣ бошад, падараш ӯро бо назардошти ин ки ба таҳсил рағбати зиёд дошт, боз ба мадрасаи дигаре шомил мекунад. Аҳмади Дониш барномаи мадрасаро, ки маъмулан аз таълими забони арабӣ, мантиқ ва дигар илмҳои динӣ иборат буд, бомуваффақият аз худ намуда, илмҳои ситорашиносӣ, риёзиёт, табиатшиносӣ, ҷуғрофиё ва фалсафаро низ ба таври мастақил меомӯзад.
Заҳамот ва талошҳои хастанопазири Аҳмади Дониш дар ҷодаи аз худ намудани таҳсили улуми гуногун боиси он гардид, ки миёни мардум аз шуҳрат ва маҳбубияти хосе бархурдор гардад.
Сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия
Овоза ва ҳунари Аҳмади Дониш Ба ҷое расида БУД, ки амири Бухоро Насруллоҳ (1826-1860) ӯро ба ҳайси котиби дарбори ҳукумати манғитиҳо таъин намуд. Ӯ муддате дар ин симмат адои масъулият мекард, вале замоне ки устодаш аз олам мегузарад , амир Аҳмади Донишро ба ҷои устодаш меъмор ва муҳандиси дарбор таъин мекунад.
Аҳмади Дониш дар даврони ҳукмронии манғитиҳо се маротиба ба Санкт-Петербург, маркази Русия сафар мекунад. Нахустин сафараш соли 1857-и милодӣ бо фармони Амир Насруллоҳ ба ҳайси котиби элчӣ сурат мегирад. Аҳмади Дониш дар ин сафари худ ба Санкт-Петербург аз пешравиҳои Русия, ба монанди роҳи оҳан, хаёбонҳо, роҳҳо, воситаҳои ҳамлу нақл ва тиб аз наздик шинос шуда, баъди бозгашт нахуст ба назди Амир Насруллоҳ рафта, пешниҳоди ислоҳот мекунад. Аммо пешниҳоди ӯ мавриди қабули амир намегардад.
Соли 1860 Амир Насруллоҳ вафот мекунад ва Амир Музаффар (1860-1885) ба тахти подшоҳӣ менишинад. Дар замони ҳукмронии ӯ низ ҳеҷ тағйиру ислоҳоте дар ҳукумат ба вуҷуд намеояд. Амир Музаффар Аҳмади Донишро ситорашиноси дарбор таъин намуда, ӯро ба ҳайси донишманди риштаи ситорашиносӣ дар он замон муаррифӣ мекунад. Соли 1868 миёни Аморати Бухоро ва Русия ҷанг ба вуқуъ мепайвандад, ки ин набард бо шикасти Амир Музаффар анҷом меёбад. Пас аз ин шикаст Амир Музаффар ҳайати дигареро бо шумули Аҳмади Дониш ҷиҳати барқарории равобити иқтисодию сиёсӣ ба Санкт- Петербург мефиристад. Пас аз бозгашт аз ин сафар аҳли дарбор хостори боло бурдани мақоми Аҳмади Дониш дар дарбор шуданд. Аммо вай ин пешниҳодро напазируфт ва барои он ки суханаш дар дарбор мавриди пазириш қарор гирад, ба таълифи китоби «Рисолае дар назми тамаддун ва таовун» шуруъ кард, ки дар ин китоб хусусиятҳои низоми ҳукмронӣ, таъсиси парлумон, рушди хадамоти тиббӣ, ташкили вазоратхона, тағйири услуб ва низом дар соҳаи маориф ва омӯзиши забони русӣ, аз ҷумлаи пешниҳодоти Аҳмади Дониш ба ҳукуматдорони вақт ба шумор мерафтанд. Аммо боз ҳам пешниҳодоти ӯ мавриди қабули ҳукуматдорон нагаштанд.
Соли 1873 Аҳмади Дониш бори сеюм ба Санкт-Петербург сафар намуд ва тибқи одати маъмул, баъд аз бозгашт ба назди амир рафта, боз ҳам пешниҳодотеро дар соҳаи пешрафт ва ислоҳот ироа намуд. Вале ин дафъа амир пешниҳодоти ӯро хатаре ба амнияти кишвари худ пиндошта, аз Бухоро ба самти навоҳии дурдасти Ғаззор бадарғааш намуд. Аҳмади Дониш бо истифода аз ин фурсат ба таълифи машҳуртарин асари худ «Наводир-ул-вақоеъ» пардохта, бештар аз 10 соли ҳаёти худро барои таълифи ин китоб сарф кард.
Асарҳои Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш илова бар фаъолиятҳои сиёсӣ асарҳои пурарзише низ дорад. «Наводир-ул вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ», «Манозир-ул-кавокиб», «Рисола фӣ аъмол курра», «Ҷоме-ул-ҳикоёт», » Тарҷумаи ҳоли амирони Бухорои Шариф «,» Номус-ул-аъзам «,» Меъёри тамаддун «ва якчанд порчаҳои шеърӣ низ аз зумраи таълифоти ӯ мебошанд.
Вафот
Пас аз даргузашти Амир Музаффар, соли 1885 Аҳмади Дониш дубора ба Бухоро баргашта, дар яке аз мадориси он ба ҳайси китобдор анҷоми вазифа намуд. Ӯ дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳад, соли 1897, дар ҳоле ки ба синни 70 расида буд, дар Бухорои Шариф аз олам даргузашт.