Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон бо ишора ба имзои тавофуқномаҳои ахир байни Душанбе ва Тошканд аз афзоиши содироти маҳсулоти ин кишвар ба Ӯзбекистон хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, байни ниҳодҳои иқтисодии 2 кишвар тавофуқҳое дар заминаи содирот ва воридот аз ҷумла барқи тоҷикӣ ба Ӯзбекистон ва гази ӯзбекӣ ба Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Илова бар ин Тоҷикистон ба Ӯзбекистон кабел, фарш, масолеҳи сохтимонӣ ва ангишт содир хоҳад кард.
Ӯзбекистон ҳам нақлиёт, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистон содир мекунад.
Ду тараф ҳамчунин дар арсаи молӣ ба вижа дар ҳавзаи бонкӣ тавофуқномаҳоеро ба имзо расонданд.
Қаблан мақомоти зирабти Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки Душанбе қасд дорад ба Тошканд 1.5 миллиард киловатт соат барқ содир кунад.
Бинобар гуфтаи кумитаи омори Тоҷикистон мубодилаи тиҷорӣ миёни 2 кишвар дар соли 2017 мелодӣ беш аз 126 миллион доллар будааст.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Ӯзбекистон 57 миллион доллар ё 45 дарсад аз ҳаҷми куллии гардиши молии байни ду кишварро ташкил додааст.
Содироти маҳсулоти ӯзбекӣ дар ин муддат ба Тоҷикистон 69 миллион доллар ё 55 дарсад аз мизони кулли гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баровард шудааст.
Ду кишвар ҳамчунин қасд доранд гардиши мол миёни якдигарро дар ояндаи наздик то як миллиард доллар афзоиш диҳанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

