Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИсломҳаросӣ дар Инглистон авҷ мегирад?

Исломҳаросӣ дар Инглистон авҷ мегирад?

Тибқи як гузориши таҳқиқӣ дар Британия, бештари донишҷӯёни мусулмони ин кишвар дар нигаронӣ ва тарс аз ҳамлаҳои ношӣ исломҳаросон ба сар мебаранд.

Тавре рӯзномаи Индепенденти Лондон нашр кардааст,  ин таниҷа аз таҳқиқоти Иттиҳодияи миллии донишҷӯёни Британия ба даст омадааст.

Ниме аз донишҷӯёни мусулмони Британия мавриди азият ва ё фаҳҳошӣ дар фазои маҷозӣ қарор гирифтаанд ва донишҷӯдухтарони мусулмон низ ба иллати доштани ҳиҷоб ба шиддат аз амнияти худ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки як гурӯҳи ношинос, чанд рӯз пеш номаҳоеро дар Британия паҳн кардааст, ки бар асоси он, севуми апрел рӯзи муҷозоти мусулмонон хонда шудааст ва афродро ба иқдомоти хашин алайҳи пайравони ин дин даъват мекунад.

Панҷ намояндаи мусулмони Парлумони Британия ин номаҳоро дарёфт кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular