Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет90 миллион $-и БОР баро таъмири роҳи Душанбе Бохтар

90 миллион $-и БОР баро таъмири роҳи Душанбе Бохтар

Шӯрои раҳбарони Бонки осиёи рушд (БОР) ҷудосозии грант дар ҳаҷми 90 миллион доллари ИМА барои маблағгузории иловагии таъмири қисми 40 километраи роҳи Душанбе — Бохтарро таъйид кард.

Ин гранти Бонки осиёии рушд тибқи пружаи беҳтарсозии долонҳои ҲИМОМ (ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ) 2,5 ва 6 моҳи октярби соли 2016 таъйид шудааст, хабар медиҳад Азия Плюс.

Роҳи Душанбе Бохтра, ки дар як шабонарӯз аз он 10 ҳазор мошин убур мекунад, ҷузъи роҳҳои стротежии кишвар аст, ки шимолро бо ҷануб мепайвандад ва яке аз сермошинтарин роҳҳои кишвар ва ҷузъи долони 2,5 ва 6-и пружаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) аст.

Беҳтарсозии қисмати 40 километрии ин роҳ аз Чашмасор то Бохтар (Қурғонтеппа) васеъсозии ин роҳ аз ду хат то 4, пӯшиши нави роҳ ва сохтмони васоили модерни бехатарии ҳаракат дар роҳро дар назар гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular