Thursday, June 19, 2025
ads
HomeХабарҳоРусия иҷозатномаҳое, ки ба Somon Air ва Tajik Air дода буд,...

Русия иҷозатномаҳое, ки ба Somon Air ва Tajik Air дода буд, бозхонд мекунад

Русия  аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба шаҳрҳои Русияро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии Somon Air ва Tajik Air дода буд, бозхонд мекунад.

Дар ин бора РИА-Новости бо истинод аз мақомоти авиатсионии Русия хабар дода, сабаби ин тасмимро ба посухи расмӣ нагирифтан ба пешниҳод  дар мавриди баргузории гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон рабт додааст.

«Аз 5 апрел Русия иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба Somon Air и Tajik Air барои парвоз ба самтҳои Новосибирск — Душанбе ва Новосибирск — Хуҷанд, ҳамчунин панҷ парвози ширкати Tajik Air ва чор парвози ширкати Somon Air бо хатсайри Маскав — Душанберо манъ мекунад», — гуфтааст манбаъ

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: «Уралские авиалинии», UTair, «Сибир», «Северний ветр» ва «Глобус» бо тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия аз 30 март дар бораи манъи 11 самти парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия, бозхонд карда буд.

Бо тадбири ҷавобӣ мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе — аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд — аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд карданд.

Дар назар аст, имрӯз ҳайати Тоҷикистон ба Маскав меравад ва бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада гуфтушунид мегузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи Тоҷикистон  низ шомиланд.

Тавре Азияплюс хабар медииҳад, айни замон дар фурӯшгоҳҳои билети ҳавопаймоии Тоҷикистон ба мусофирон тариқи транзит дар Алмаато сафар ба Русияро пешниҳод мекунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?