Қазоқистон аз Тоҷикистон талаб кардааст, ки ҳарчи бештар дар обанбори Қайроққум об захира шавад ва мехоҳад, дар фасли тобистон аз ин захираи об дар шимоли кишвараш истифода кунад.
Қазоқистон ин дархости худро бо лоиҳаи Созишномае ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва гуфта мешавад, айни ҳол идораҳои давлатии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодии Остонаро ба баррасӣ гирифтаанд ва ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 4-уми апрел дар порлумони Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст.
Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти Қазоқистон дар созишнома асосан «истифодаи самарбахш аз захираҳои обии «Баҳри тоҷик»-ро пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла Ӯзбекистон низ чунин пешниҳодро кардааст.
«Аммо ин ба маънои фурӯши об аз тарафи Тоҷикистон нест. Танҳо дар иваз Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард, то дар обанбори Қайроққум миқдори бештари об барои фасли тобистон захира шавад. Ин кор, албатта, маблағ металабад ва Тошканду Остона омода ҳастанд, пули масрафшуда барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории об дар “Баҳри тоҷик”-ро ба Тоҷикистон ҷуброн кунанд”, — гуфтааст Султон Раҳимзода.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2008 Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар мавриди танзими сатҳи оби обанборҳо ҳамкорӣ мекарданд. Ин ду кишвар бо маблағ ва мутахассисон барои нигаҳдории оби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё ба Тоҷикистон ёрӣ мекарданд.
Аммо дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон, дар пайи ихтилофҳои ду кишвар бар сари мансубияти обанбори Фарҳод дар рӯдхонаи Сир ин ҳамкориҳо мутаввақиф шуд.