Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти 16 нафар бо иттиҳоми занозании гурӯҳӣ дар Гипроземи Душанбе

Боздошти 16 нафар бо иттиҳоми занозании гурӯҳӣ дар Гипроземи Душанбе

Бо иттиҳоми иштирок дар муноқиша ва занозанӣ, ки санаи 28 март дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе рӯй дода буд, аз додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, ки 16 нафар боздошт шудаанд.

Тавре дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ин 16 нафар ба авбошӣ ва “нобуд кардани амволи ғайр” муттаҳам мешаванд ва парвандаи онҳо маҷриди тафтишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки  як гурӯҳ ҷавонону наврасон рӯзи 28-уми март дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе, наздикии қароргоҳи сарбозони Русия бо ҳам муноқиша ва ҷангу занозанӣ карда, чандин мошинҳои дар сари кӯча истодаро корношоям карданд.

Бино ба манбаъ Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротов “саркардаҳои авбошӣ” ва ё омилони асосии занозанӣ дониста шудаанд. Ин ҷавонон бо ҳамроҳонашон дар рӯяшон ниқоб доштаанд ва бо чӯбу, қубур ва арматура мусаллаҳ будаанд. Ойинаву шишаҳои чанд мошин аз ҷумла мошини як шаҳрванди Русияро мешикананд ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки чанд вақти охир муноқишаи ҷавонон ва занозании гурӯҳӣ дар Тоҷикистон зуд- зуд ба қайд гирифта шуда истодааст.  Аз ин пеш расонаҳо дар бораи чандини занозаниҳои гурӯҳӣ байни мактаббаччагон низ хабар дода буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular